Форуми занон дар Хучанд: Точикистон ва Узбекистон хамкориро дар сохаи хукуки занон таквият медиханд – ИА Караван Инфо
Форуми занон дар Хучанд: Точикистон ва Узбекистон хамкориро дар сохаи хукуки занон таквият медиханд

Санаи 1 апрел дар Хучанд дар доираи форуми Байналмилалии Занонаи “Навруз – иди заноне, ки вахдатро тараннум мекунанд” мулокоти муовини Сарвазири Чумхурии Точикистон Дилрабо Мансури бо муовини Сарвазири Чумхурии Узбекистон, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Зулайхо Махкамова баргузор гардид.

Дилрабо Мансури дастгирии занонро аз чониби давлат ва Хукумати Точикистон кайд намуд. Вай таъкид намуд, ки ба шарофати ташаббусхои Президент Эмомали Рахмон дар 28 соли охир беш аз 11 600 нафар духтар аз руи квотаи президенти маълумоти оли гирифта, беш аз 35 хазор нафар донишгоххои хоричиро хатм намудаанд. Имруз аз 214 хазор донишчу дар кишвар 42% (90 хазор) духтарон мебошанд.

Дар чараёни мулокот чонибхо густариши хамкорихоро дар сохаи маърифати хукукии занон, рушди хунархо, бехбуди саломатии модару кудак ва табодули тачриба барраси намуданд. Ба форуми дарпешистодаи “Занон ва пиряххо”, ки мохи май дар Душанбе баргузор мешавад, диккати махсус дода шуд.

Зулайхо Махкамова барои пазироии гарм сипосгузори намуда, накши Точикистонро дар хифзи сулх дар минтака баланд арзёби намуд. Вай хамчунин дар баргузории муколамаи Занони Осиёи Маркази, ки соли 2025 ба Точикистон мегузарад, муваффакият хост.

Ёдовар мешавем, ки форуми “Навруз-иди заноне, ки вахдатро месароянд” 1 апрел дар Хучанд бо иштироки занони фаъоли Точикистону Узбекистон ва Киргизистон дар доираи сафари сарони ин давлатхо ва тачлили Навруз баргузор гардид.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: