Фридрих Мертс ба Париж сафар намуд: баркарор намудани муносибатхои Олмон ва Фаронса – ИА Караван Инфо
Фридрих Мертс ба Париж сафар намуд: баркарор намудани муносибатхои Олмон ва Фаронса

Рахбари блоки консервативии CDU/CSU Олмон Фридрих Мертс, эхтимолан садри аъзами ояндаи Олмон, пас аз чанд рузи пирузи дар интихобот ба Фаронса сафар намуд. Вай дар Касри Елисей бо раисичумхур Эммануэл Макрон гуфтугухо анчом дод, ки ба гуфтаи тахлилгарон, хадафи он тахияи мавкеъи муштарак дар масоили дифоъ ва тичорати Иттиходияи Аврупо бо Иёлоти Муттахида будааст.

Матбуот хабар медихад, ки мулокот дар вазъияти дустона гузашт. Ба гуфтаи як манбаи наздик Рохбарияти Германия, «аз руи бисёр масъалахо созиш хосил гардид, барои ташаббусхои муштарак нуктахои ибтидои пайдо шуданд».

Харчанд дар бораи натоичи музокирот то хол изхороти расми мавчуд нест, аммо маълум аст, ки масъалахои зерин барраси шуданд:

– тахкими иктидори мудофиавии ИА,

– бочхои эхтимолии ИМА барои воридоти Аврупо,

– Сиёсати хоричии Вашингтон, аз чумла наздикшави бо Русия.

 “Кишвархои мо якчоя метавонанд барои Аврупо бисёр чизхоро ба даст оранд” навиштааст Мертс дар шабакахои ичтимои ва ба Макрон барои “дусти” ва “бовари ба муносибатхои Олмон ва Фаронса” ташаккур гуфт.

Сафари Мертс огози як боби нав дар хамкорихои Берлин ва Париж пас аз солхои пуршиддат дар равобити Макрон бо канслери гузаштаистода Олаф Шолтс мебошад. Интизор меравад, ки блоки консервативии CDU/CSU бо хизби сотсиал-демократ, ки дар интихобот чои сеюмро гирифт, эътилоф ташкил кунад.

Сурат: аз манбаъхои кушода

error: