Футбол рамзи вахдат ва ифтихори милли аст: табрикоти Пешвои миллат ба муносибати рузи чахонии футбол – ИА Караван Инфо
Футбол рамзи вахдат ва ифтихори милли аст: табрикоти Пешвои миллат ба муносибати рузи чахонии футбол

Душанбе, 26 май, АИ «Караван Инфо». Президенти Чумхурии Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон ба муносибати рузи умумичахонии футбол изхори табрик намуда, таъкид намуданд, ки ин намуди варзиш барои Точикистон рамзи вахдат, ифтихори милли ва эътирофи байналмилали гардидааст.

Сарвари давлат бо ифтихор кайд намуданд, ки дастаи мунтахаби Миллии Точикистон оид ба футбол бори аввал дар таърихи давлати сохибихтиёр ба чорякфинали Чоми Осиё – 2023 рох ёфт, ки натичаи сиёсати самараноки давлати дар сохаи варзиш гардид.

Вай инчунин дастовардхои дастаи мунтахаби футзалро зикр намуд, ки дар чемпионати Осиё бомуваффакият баромад намуд ва дар чемпионати чахон оид ба футзал ширкат варзид.

Президент ёдовар шуд, ки 25 май бо карори Ассамблеяи Генералии СММ рузи чахонии футбол эълон шуд ва изхори бовари намуд, ки Точикистон минбаъд низ инфрасохтори футболро рушд дода, чавононро ба ин намуди варзиш чалб хохад намуд.

“Хамчун Сарвари давлат ман аз дастовардхои варзишгарони худ ифтихор мекунам ва хамаи мураббиён, футболбозон, мутахассисон ва мухлисонро бо рузи чахонии футбол табрик мегуям”, — изхор дошт Президент.

Президент таъкид намуд, ки футбол дар Точикистон на танхо як бози, балки як чузъи мухими худшиносии милли, тарзи хаёти солим ва симои байналмилалии кишвар аст, ки руз аз руз рушд мекунад.

Ёдовар мешавем, ки рузи чахонии футбол бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Точикистон, Раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Маркази, Раиси Мачлиси милли ва Раиси шахри Душанбе Рустами Эмомали таъсис ёфта, 7 майи соли 2024 аз чониби Ассамблеяи Генералии СММ расман эътироф шудааст.

АКСХО: аз манбаъхои кушода

error: