Душанбе, 03 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ариза барои гирифтани сатҳи тиллоии узвият дар доираи барномаи Ҳартияи футболи оммавӣ (AFC Grassroots Charter Gold) пешниҳод намуд. Дар ин бора АИ «Корвон Иттилоот» бо истинод ба маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад.

Бо ҳамин мақсад ба Душанбе намояндагони Панели футболи оммавии КФО — Чокей Нима (Бутан) ва Раҳаф Крум (Сурия) бо сафари тафтишотӣ ташриф оварданд. Ҳадафи сафар — арзёбии фаъолияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, таҳлили сохтор, барномаҳо ва ташаббусҳои он ва муайян кардани сатҳи мутобиқати онҳо ба талаботи сатҳи тиллоии Ҳартия мебошад.
31 октябр ҳайати КФО бо муовинони президенти ФФТ Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, ҳамчунин директори Лигаи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон Абдулло Сокиев мулоқоти корӣ анҷом дод.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо самтҳои асосии рушди футболи оммавиро дар кишвар — аз барномаҳои кӯдакона ва мактабӣ то футболи бонувон ва мусобиқаҳои минтақавӣ — баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба ташкили муҳити фарогири варзишӣ равона гардид, ки дар он футбол барои тамоми табақаҳои ҷомеа дастрас аст.
Барномаи AFC Grassroots Charter меъёри байналмилалии рушди футболи оммавӣ ба ҳисоб рафта, ҳадафаш ҷалби бештари аҳолӣ ба варзиш, таҳкими инфрасохтори варзишӣ ва рушди иқтидори мутахассисон мебошад.
Дарёфти сатҳи тиллоӣ гувоҳи сатҳи баланди ташкилотию методии футболи Тоҷикистон буда, марҳалаи нави пешрафт дар рушди фарҳанги футболи миллӣ маҳсуб меёбад.
Акс: Федератсияи футболи Тоҷикистон
