Душанбе, 09 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Русия сиёсати муҳоҷирати меҳнатии худро фаъолона бозбинӣ намуда, барои ҷуброни норасоии шадиди қувваи корӣ бештар ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҳиндустон ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ рӯ меорад. Ба арзёбии коршиносон, ин раванд аз доираи қарорҳои ҷудогона гузашта, ба як тағйироти сохторӣ дар бозори меҳнати кишвар табдил меёбад.

Тибқи иттилои агентии Bloomberg, ки ба иштирокчиёни бозори меҳнат истинод мекунад, Маскав ҷалби қувваи кориро на танҳо аз Ҳиндустон, балки аз Шри-Ланка ва Мянмар низ тақвият медиҳад. Дар бораи ин РБК хабар медиҳад.
«Мо дар бозори меҳнати Русия тағйироти воқеан тектоникиро мушоҳида мекунем», — изҳор доштааст ба Bloomberg директори амалиётии агентии кадрии «Интруд» Елена Веляева. Ба гуфтаи ӯ, ҷустуҷӯи кормандон фаротар аз як кишвар сурат мегирад ва таваҷҷуҳи корфармоён ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ пайваста меафзояд.
Ба таври расмӣ, такони нав ба ин раванд бо имзои созишнома оид ба содда кардани расмиёти муҳоҷирати муваққатии меҳнатӣ дар ҷараёни сафари президенти Русия Владимир Путин ба Ҳиндустон дар моҳи декабри соли гузашта дода шуд. Аммо, чунон ки Bloomberg таъкид мекунад, афзоиши ҷараёни коргарони ҳиндӣ ба Русия ҳанӯз қабл аз имзои ин созишнома оғоз ёфта буд, ки ин аз мавҷудияти омилҳои амиқи сохторӣ дарак медиҳад.
Омори расмӣ низ миқёси ин тағйиротро тасдиқ мекунад. Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, дар соли 2024 ба шаҳрвандони Ҳиндустон зиёда аз 56 ҳазор иҷозатномаи корӣ дода шудааст, дар ҳоле ки соли 2021 ин нишондиҳанда ҳамагӣ тақрибан 5 ҳазор буд. Ҳамин тавр, тайи се сол шумораи коргарони ҳиндие, ки ба таври расмӣ дар Русия фаъолият мекунанд, беш аз даҳ баробар афзудааст.
Коршиносон ин равандро ба коҳиши демографӣ, норасоии кадрҳо дар саноат, сохтмон ва бахши хизматрасонӣ, инчунин ба тағйирёбии самтҳои анъанавии муҳоҷирати меҳнатӣ марбут медонанд. Дар чунин шароит Русия бештар ба манбаъҳои алтернативии қувваи корӣ рӯ меорад ва роҳу шаклҳои нави ҳамкории муҳоҷиратиро ташаккул медиҳад.
Манбаъ: Bloomberg (бо истинод ба РБК)
АКС: Азия Плюс
