Душанбе, 15 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Делегатсияи судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти ҳамкории судӣ байни кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (ШОС) дар тренинги машваратӣ оид ба парвандаҳои маъмурӣ дар судҳои Чин иштирок намуд. Дар ин бора аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Барномаи тренинг ҷаласаҳо бо роҳбарияти Коллеҷи миллии судяҳои Чин, баррасии масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи фаъолияти судӣ ва омӯхтани хусусиятҳои низоми парвандаҳои маъмурии Чинро дар бар мегирифт. Иштирокчиён бо усулҳои баррасии парвандаҳои маъмурӣ ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии кории судҳо шинос шуданд.
Муовини Раиси Суди Олии Халқии Чин Тао Кайюань зарурати рушди робитаҳои судӣ байни Тоҷикистон ва Чинро таъкид намуда, гуфт, ки мубодилаи таҷриба як омилест, ки барои такмили системаи судӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо аҳамияти калон дорад.
Ин чорабинӣ ба тақвияти ҳамкории дуҷониба, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо ва фароҳам овардани платформа барои омӯзиши таҷрибаи пешрафта дар соҳаи маъмурияти судӣ равона шудааст. Тренинг ба рушди маҳорати судяҳо, такмили амалияҳои судӣ ва мубодилаи маълумот байни мақомоти судии ду кишвар мусоидат намуд.
АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
