Хачми воридоти мошинхои Чини ба Киргизистон 74,1 фоиз афзудааст – ИА Караван Инфо
Хачми воридоти мошинхои Чини ба Киргизистон 74,1 фоиз афзудааст

Тибки Ммаълумоти Идораи Марказии гумруки Чин, воридоти мошинхои чини ба Киргизистон дар мохи июни соли 2024 нисбат ба мохи гузашта ба таври гайричашмдошт 74,1% афзоиш ёефтааст. Агар кишвар дар мохи май аз Чин 1,9 хазор мошини сабукрав гирифта бошад, пас дар мохи июн ин ракам ба 3,4 хазор мошин расид.

Огоз аз мохи марти соли чори, хачми интиколи мошинхо аз Чин ба Киргизистон хар мох кохиш меёфт, зеро кисме аз ин мошинхо баъдан ба Русия равона намуда мешуданд, ки ин як динамикаи алохида дар тичорати мошинхо дар минтака мебошад.

Санаи 1 апрели соли 2024 бо сабаби чори шудани чамъи утили нав дар Русия кохиши воридоти мошинхо аз Чин ба Киргизистон огоз ёфт. Ин боч, ки андозхо ва пардохтхои пардохтнашударо аз сабаби паст намудани арзиши гумрукии мошинхо дар бар мегирад, ба мошинхои аз кишвархои узви иттиходи иктисодии Аврупо ба Русия воридшаванда низ дахл дорад.

Масалан, мохи апрел воридоти мошинхои Чини ба Киргизистон нисбат ба мохи гузашта 80% кохиш ёфта, ба 2,8 хазор адад расид. Чолиби диккат аст, ки пас аз ин кохиши шадид, дар мохи июн афзоиши воридот ба 3,4 хазор мошин расид.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 Киргизистон аз Чин 38,2 хазор мошини сабукрав гирифт, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 5,5 баробар зиёд аст.

Илова бар ин, мохи июли соли чори президенти ассотсиатсияи автодилерхои Русия Алексей Подшеколдин аз мушкилоти пардохт хангоми воридоти мошинхо аз Чин изхори нигарони намуд. Он инчунин метавонад ба динамикаи минбаъдаи савдои мошинхо дар минтака таъсир расонад.

error: