Хафт кадам барои начот додани пиряххо: Даъвати Президенти Точикистон ба чомеаи байналмилали – ИА Караван Инфо
Хафт кадам барои начот додани пиряххо: Даъвати Президенти Точикистон ба чомеаи байналмилали

Душанбе, 02 июн, «АИ Караван» Инфо. Дар конфронси байналмилалии сатхи баланд оид ба хифзи пиряххо, ки санаи 30 май дар Душанбе баргузор шуд, Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон аз чомеаи чахони даъват намуд, ки фавран ва катъи амал намуда, ба суст шудани обшавии пиряххо — яке аз окибатхои ташвишовари тагйирёбии иклими чахони нигаронида шавад.

Хангоми суханрони дар назди иштирокчиёни конфронс, Сарвари давлат хафт кадами мушаххас пешниход намуд, ки хар кадоми онхо чанбахои мухими вокуниши илми, экологи, ичтимои ва иктисодиро дар бар мегиранд.

1. Баланд бардоштани огохии чахони

Президент зарурати ба чомеаи байналмилали расонидани фахмиши накши калидии пиряххо — хамчун манбаи оби нушоки ва асос барои ноил шудан ба хадафхои рушди устуворро таъкид намуд.

2. Тахкими хамкорихои байналмилали

Сухан дар бораи чалби амики олимон, мухаккикон, институтхои чомеаи шахрванди ва дигар чонибхои манфиатдор барои мубориза бо обшавии босуръати пиряххо ва окибатхои он меравад.

3. Рушди тадкикот ва мониторинги илми

Пешниход шудааст, ки мониторинги системавии холати пиряххо, хусусан бо истифода аз технологияхои мохвораи ва раками ташкил намуда шавад. Кишвархои дорои имкониятхои пешрафтаи илми барои мубодилаи маълумот бо давлатхои дорои захирахои махдуд пешбини шудаанд.

4. Муковимат ба окибатхои ичтимоию иктисоди

Президент даъват намуд, ки чорахои дастачамъи барои кохиш додани таъсири бухрони яхбанди ба дастраси ба об, амнияти озукавори ва энергетики, инчунин хифзи экосистемахо ва мероси фарханги андешида шаванд.

5. Робита бо тадбирхои иклими

Таъкид гардид, ки аксари талошхо барои хифзи пиряххо бояд бо амалхои глобали дар самти мубориза бо тагирёбии иклим мувофика намуда шаванд.

6. Маблаггузори ва дастгирии техники

Ба зарурати чалби захирахои молияви ва техники барои татбики барномахои хифзи пиряххо ва дастгирии фонди Байналмилали оид ба хифзи онхо диккати махсус дода мешавад.

7. Тахияи стратегияхо барои оянда

Тахия ва татбики стратегияхо ва барномахои дарозмуддат хам дар сатхи милли ва хам дар сатхи минтакави барои ояндаи устувори наслхои оянда зарур аст.

Аксхо: Хадамоти матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон

error: