Хамлагарон ба “Крокус Сити Холл” ният доштанд, ки ба Афгонистон фирор кунанд – ИА Караван Инфо
Хамлагарон ба "Крокус Сити Холл" ният доштанд, ки ба Афгонистон фирор кунанд

Москва, 16 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Тафтишот тафсилоти навро дар бораи амалхои чинояткороне, ки мохи марти соли 2024 ба толори консертии “Крокус Сити Холл” хамла намуданд, муайян намуд.

Тибки иттилои парвандаи чинои, ичрокунандагон ният доштанд, ки пас аз хамла пинхон шаванд ва ният доштанд ба Афгонистон бирасанд, хабар медихад ТАСС.

Яке аз айбдоршавандагон Файзов гуфт, ки рохи фирор аз Украина ва Туркия мегузарад. Тибки маълумоти тафтишот, ба иштирокчиёни хамла ба хар кадоме як миллион рубл мукофотпули ваъда дода шудааст.

Хамла 22 март дар Красногорск дар Вакти консерт рух дод. Хамлагарон ба тамошобинон тир кушоданд ва сипас биноро дар чанд чой оташ заданд.

Тибки иттилои кумитаи Тафтишотии Русия, ин фочиа 149 нафарро куштааст. Садхо мехмонон захмхои гуногун гирифтанд.

Дере нагузашта, пас аз хамла, чор гумонбар дар вилояти Брянск дастгир намуда шуданд ва барои гузаронидани амалиёти тафтишоти ба Москва оварда шуданд.

Аксхо: Александр Авилов / АГН Москва

error: