Душанбе, 16 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 12 сентябр дар Маркази савдою фароғатии «Dushanbe Mall» аксияи «Хариди молҳои Русия» баргузор шуд, ки ҳадафаш таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Россия ва боло бурдани маъруфияти маҳсулоти истеҳсолгарони русӣ мебошад.

Ин чорабинӣ имкониятҳои навро барои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ мекушояд ва таваҷҷуҳи бозори Тоҷикистонро ба маҳсулоти босифат ва рақобатпазири истеҳсоли Россия ҷалб мекунад.
Дар ифтитоҳи расмии аксия Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Семён Григорьев иштирок намуд. Ӯ зикр кард, ки Тоҷикистону Россия шарикони боэътимоди стратегӣ мебошанд ва ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ҷойгоҳи махсусро дар муносибатҳои дуҷониба ишғол мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар наздиктарин фурсат имзои ҳуҷҷати муҳим — Барномаи рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ то соли 2030 дар назар аст. Татбиқи он имкон медиҳад ҳаҷми муомилоти мол миёни ду кишвар ба таври назаррас афзоиш ёбад.
Ҳамзамон, Сафири Россия омилҳои асосии рушдро зикр намуд — аз ҷумла афзоиши устувори иқтисоди Тоҷикистон ва суръати баланди пешрафти сохтмон, ки кишвари моро барои сармоягузорӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак ҷолибтар мегардонад.
Дар чорчӯби аксия сокинони Душанбе на танҳо бо маҳсулоти русӣ шинос шуданд, балки имкони чашидани намунаҳои гуногуни онро низ пайдо карданд. Меҳмонон мустақиман бо намояндагони ширкатҳо гуфтугӯ карда, саволҳои худ матраҳ намуданд ва назару таассуроти худро баён карданд.
Барои иштирокдорон барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ низ ташкил гардид, ки фазои дӯстӣ ва ҳамкориро миёни ду кишвар боз ҳам барҷаста нишон дод.
Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 300 корхона бо сармояи Россия фаъолият мекунанд, ки нишони таваҷҷуҳи доимии соҳибкорону сармоягузорони рус ба рушди тиҷорат дар ҷумҳурӣ мебошад.
АКС: аз манбаъҳои кушода