ОСТОНА, 24 октябр АИ «Караван инфо». Иҷрокунандаи вазифаи раиси идораи ҶС “Kazakh Tourism” Даниэл Сержанули изҳор дошт, ки имрӯз танҳо 5-6 минтақаи Қазоқистон барои қабули сайёҳони хориҷӣ омодаанд. Инҳо Алмаато, вилояти Алмаато, Туркистон, вилояти Мангистау, Катон-Қарағай, инчунин Остона ва Бурабай мебошанд, ки ҳамчун самти ягона баррасӣ намуда мешаванд. Дигар минтақаҳо, ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз инфрасохтори кофӣ надоранд.

Сержанули қайд намуд, ки дар тобистон шикоятҳо бештар дар хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ворид мешаванд — онҳо барои хориҷиёне, ки талаботи баландтар доранд ва асъорро ба иқтисодиёт меоранд, пешбинӣ нашудаанд. Соли 2023 содироти хизматрасониҳои сайёҳӣ 2,6 миллиард долларро ташкил дод, ки то ҳол аз нишондиҳандаҳои кишварҳои пешрафта, ки сайёҳӣ то 10% ММД-ро ташкил медиҳад ва даҳҳо миллиард доллар ба даст меорад, хеле камтар аст.

Вай таъкид намуд, ки сайёҳии дохилӣ ҳамчун унсури сиёсати иҷтимоӣ, ки истироҳати шаҳрвандонро таъмин мекунад, муҳим аст. Аммо, барои рушди сайёҳии байналмилалӣ, беҳтар намудани роҳҳо, хидмат, омӯзиши роҳнамо ва зиёд намудани шумораи меҳмонхонаҳои синфи миёна зарур аст.
Президент Қасим-Жомарт Токаев қаблан дастур дода буд, ки ба ҳалли мушкилоти кадрӣ ва инфрасохторӣ дар соҳаи сайёҳӣ диққати махсус дода шавад.
Аксҳо: Ҷибек Ҷоли
