Душанбе, 03 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 11–12 ноябр дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» баргузор мешавад, ки садҳо сармоягузори дохиливу хориҷӣ, намояндагони корпуси дипломатӣ ва шарикони рушдро гирди ҳам меорад. Ин чорабинӣ яке аз бузургтарин платформаҳои иқтисодии сол ба ҳисоб меравад ва имкониятҳои васеи Хатлонро барои сармоягузорӣ ва ҳамкории бахши хусусӣ муаррифӣ мекунад.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар форум намояндагони кишварҳои Русия, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Чин ва Туркия иштирок хоҳанд кард. Ҳузури беш аз сад ширкати хориҷӣ ва иттиҳодияҳои соҳибкорон дар назар аст.
Ин нуфузи баланд нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба ҷануби Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст — минтақае, ки имрӯз ҳамчун маркази муҳими ҳамкориҳои агросаноатӣ ва нақлиётӣ-логистикӣ дар Осиёи Марказӣ шинохта мешавад.
Барномаи форум ду бахшро дар бар мегирад:
- «Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо» – дар ин бахш масъалаҳои рақамигардонии иқтисод, шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва нақшаи табдили Хатлон ба маркази иқтисоди муосир баррасӣ мегарданд.
- «Аз замин то бозор» – бахши дуюм ба рушди занҷираи арзиш дар соҳаи кишоварзӣ, густариши содирот ва коркарди амиқи маҳсулоти маҳаллӣ бахшида мешавад.
Дар ҷаласаҳо ҳамчунин масъалаҳои сармоягузорӣ ба кластерҳои агросаноатӣ, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии ноҳияҳои кӯҳӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Дар доираи форум имзои як қатор созишномаҳо ва ёддошти тафоҳум миёни ширкатҳо ва корхонаҳои саноативу истеҳсолии дохиливу хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин иқдомҳо ба татбиқи лоиҳаҳои нав, афзоиши шуғл, рушди инфрасохтор ва болоравии иқтидори содиротии минтақа мусоидат хоҳанд кард.
Баргузории форуми «Хатлон Инвест-2025» ифодаи равшани сиёсати стратегӣ ва дурнамои иқтисодии Тоҷикистон дар самти рушди минтақавӣ ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ мебошад.
Чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ба мисли ин форум, на танҳо ба беҳтар шудани имиҷи сармоягузории кишвар мусоидат мекунанд, балки табодули таҷриба ва технологияро тақвият дода, нақши Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод дар фазои иқтисодии Осиёи Марказӣ устувор месозанд.
Барои вилояти Хатлон ин иқдом на танҳо фурсати муаррифии байналмилалӣ, балки заминаи воқеӣ барои рушди истеҳсолот, афзоиши ҷойҳои корӣ ва таҳкими амнияти озуқавории кишвар мебошад.
Акс: АМИТ «Ховар»
