Душанбе, 06 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Вилояти Хатлон барои тақвияти мавқеи худ дар соҳаи сайёҳӣ иқдоми нав рӯи даст гирифтааст: бақайдгирии онлайн барои Форуми байналмилалии сайёҳӣ ва намоишгоҳи «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид, ки рӯзҳои 4–5 июни соли 2026 баргузор мешавад.

Макон баргузории чорабинӣ минтақаи сайёҳии Чилдухтарон дар ноҳияи Муминабад интихоб шудааст — яке аз мавзеъҳои зебои табиӣ, ки дорои имкониятҳои васеи рушди сайёҳии экологӣ ва фарҳангӣ мебошад.
Ташкилкунандагон ҳамаи хоҳишмандон — аз сайёҳон то соҳибкорон, намояндагони давлатҳо ва шарикони байналмилалиро ба иштирок даъват менамоянд. Форум ҳамчун як майдони кушоди муколама, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва рушди бренди сайёҳии Хатлон пешниҳод мегардад.
Бақайдгирӣ ройгон буда, ба таври онлайн анҷом дода мешавад , ки ин метавонад шумораи иштирокчиёнро зиёд намуда, таваҷҷуҳи меҳмонони хориҷиро ҷалб намояд.
Интизор меравад, ки форум на танҳо як намоишгоҳи имкониятҳо, балки як платформаи таъсиси робитаҳои нав, баррасии рушди инфрасохтор ва муаррифии мероси фарҳангии минтақа гардад.
Ба андешаи коршиносон, чунин чорабиниҳо ба сиёсати умумии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон мувофиқ буда, барои баланд бардоштани мавқеи кишвар дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд.
Акс: Tourism Khatlon
