Душанбе, 25 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) баррасии сеюм ва ниҳоии татбиқи Барномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи “Фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат” (PCI) ба анҷом расонд. Анҷоми баррасии мазкур аз иҷрои муваффақонаи Барнома, ки ба таъмини суботи макроиқтисодӣ, афзоиши устувории иқтисод ва татбиқи ислоҳоти сохторӣ равона гардидааст, шаҳодат медиҳад.

Дар доираи Барнома мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мувофиқашударо дар самтҳои сиёсати фискалӣ, пулию қарзӣ ва молиявӣ пайгирона татбиқ намуданд. Дар ин маврид ба пешгирии болоравии сатҳи таваррум, таҳкими интизоми буҷетӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофияти молияи давлатӣ ва коҳиш додани осебпазирии бахши молиявӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
ХБА нишондиҳандаҳои устувори макроиқтисодӣ, аз ҷумла рушди иқтисодӣ, беҳтар гардидани мавқеи беруна, нигоҳдории суботи нархҳо, инчунин пешрафт дар татбиқи ислоҳоти сохториро мусбат арзёбӣ намуд. Сиёсати татбиқшуда ба таҳкими эътимод ба иқтисоди миллӣ ва афзоиши устувории он дар баробари таконҳои беруна мусоидат намуд.
Бомуваффақият анҷом ёфтани Барномаи PCI ва натиҷаҳои бадастомада барои густариши ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор заминаи устувор фароҳам меоранд.
Маврид ба зикр аст, ки татбиқи муваффақонаи Барномаи ҳамоҳангсозии сиёсат ҳамчун ишораи мусбат барои сармоягузорони байналмилалӣ, шарикони рушд ва агентиҳои рейтингӣ хизмат намуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон
