Хиндустон аз сабаби бочхо хариди силох ва хавопаймохоро аз ИМА катъ мекунад – ИА Караван Инфо
Хиндустон аз сабаби бочхо хариди силох ва хавопаймохоро аз ИМА катъ мекунад

МОСКВА, 08 августи соли 2025 – АИ «Караван инфо. Хиндустон тасмим гирифт, ки накшахои хариди силох ва авиатсияи низомиро аз ИМА пас аз чори намудани Бочхои нави тичорати боздорад, хабар дод Reuters бо истинод ба манбаъхои хиндустон.

Дар охири мохи июл, президенти ИМА Доналд Трамп эълон намуд, ки 25 дарсад тарофаи воридоти молро аз Хиндустон чори мекунад ва Дехлии Навро дар монеахои аз хад зиёди тичорат ва робитахои зич бо Москва айбдор мекунад.

Баъдтар чониби Амрико барои интиколи нафти русия бочи иловаги чори намуд. Ин тахримхо 27 август эътибор пайдо мекунанд.

Дар пасманзари шиддат гирифтани муносибатхои Вазорати Мудофиаи Хиндустон гуфтушунидхо дар бораи хариди нави техникаи амрикоиро катъ намуд.

Тавре се манбаи очонси хабар медиханд, сафари Раиси идораи харби Рачнатх Сингх ба Вашингтон, ки дар он эълон намудани созишномахои нав пешбини шуда буд, бекор намуда шуд.

Дар рузнома хариди эхтимолии шаш хавопаймои патрулии P-«Посейдон» буд. Аммо арзиши онхо дар мукоиса бо 2,42 миллиард доллари каблан эълоншуда ба 3,6 миллиард доллар расид, ки ин омили иловагии баррасии накшахо буд.

Пештар чонибхо дар бораи созишномаи тичорати гуфтушунид менамуданд, аммо то хол ба созиш нарасидаанд. Монеаи асоси талаби ИМА барои кушодани бозори хиндустон барои зироатхои аз чихати генетики тагйирёфта боки мемонад, ки боиси эътироз дар Хиндустон мегардад.

Сарвазир Нарендра Моди изхор дошт, ки хукумат химояи манфиатхои дехконон ва амнияти озукавории кишварро идома медихад.

Хамкории Хиндустон ва ИМА дар сохаи харби аз соли 2009 фаъолона рушд намудааст. Дехлии нав хашт хавопаймои P-8I “Нептун” – ро харид, ки дар миссияхои патрули истифода мешаванд.

Дар солхои минбаъда, Хиндустон боз чор чунин хавопайморо ба даст овард ва дар соли 2021 Вашингтон фуруши эхтимолии шаш мошини иловагиро тасдик намуд. Аммо болоравии нарххо ва ихтилофоти сиёси дар масъалахои асоси шарикии мудофиавии ду кишварро суст намуд.

Ва дар омади гап, сарвазир Моди ба саммити СХШ меравад, ки дар охири мох дар Чин баргузор мешавад. Орзуи дахшатноки Гарб густариши шарикии Русия, Чин ва Хиндустон дар Авруосиё, ки на танхо дар китъа, балки дар Тамоми Чануби Чахони низ пахн мешавад.

Аксхо аз манбаъхои кушода

error: