Душанбе, 2 май, АИ Караван Инфо. Дар Москва 30-юми май симпозиуми байналмилали дар мавзуи “Дар бораи Ахамияти Галаба бар фашизм” баргузор шуд. Дарсхои таъсиси СММ, ки намояндагони зиёда аз 20 кишвар ва созмонхои калидии байналмилалиро чамъ овард. Форум платформаи мухим барои тахкими хотираи таърихи, фахмидани накши СММ дар таъмини амнияти чахони ва инчунин мухокимаи тахдидхои мухим аз неонатсизм то экстремизм гардид.

Чумхурии Точикистонро дар форум Рохбари ситоди пешазинтихоботии кабулгохи Чамъиятии хизби Халкии Демократии Точикистон дар Федератсияи Россия Саидбек Мирзомуддинов намояндаги намуд. Дар суханронии худ у таъкид намуд:”Танхо тавассути хамбастаги ва талошхои муштараки чомеаи чахони мо метавонем ба мушкилоти чахони самаранок мукобилат кунем, мунокишахоро пешгири кунем ва сулхи устувори сайёраро таъмин кунем.”
Таваччухи махсус ба ташаббусхои глобалии Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон, ки дар майдони Созмони Милали муттахид пайваста пеш бурда мешаванд, равона намуда шуд. Аз чумла, сухан дар бораи пешниходи Точикистон дар бораи кабули Катъномаи махсуси “Дахсолаи тахкими сулх ба хотири наслхои оянда” аз чониби Ассамблеяи Генералии СММ мерафт.
Саидбек Мирзомуддинов хотиррасон намуд, ки Галаба бар фашизм рамзи хамбастагии инсоният дар баробари бади боки мемонад. Вай кайд намуд: “Имруз, беш аз харвакта, бояд хамчун чабхаи ягона барои химояи сулх, адолат ва рушди устувор, бо рохнамоии принсипхои гуманизм баромад намуд”.
Дар байни иштирокчиёни симпозиум хайатхо аз Русия, Чин, Казокистон, Узбекистон, Сербия, Алчазоир, Австрия, Булгористон, Испания, Арманистон ва инчунин як катор кишвархои дигар буданд. Симпозиум ахамияти худро хамчун платформаи муколамаи сиёси, муттахид намудани кушишхо барои химояи арзишхои умумиинсони ва тахкими шарикии байналмилали тасдик намуд.
АКС: Хизби Халкии Демократии Точикистон