Душанбе, 06 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар чорабинӣ Консули генералии Федератсияи Россия дар Хуҷанд Сергей Ланкин, кормандони Хонаи русӣ, инчунин сокинон ва ҷавонони вилояти Суғд иштирок намуданд. Ҳадафи ҷамъомад арҷгузорӣ ба қаҳрамонии ҳимоятгарони Сталинград ва таъкид ба аҳамияти ҳифзи хотираи таърихӣ буд.

Сергей Ланкин зимни суханронӣ таъкид кард, ки Ҷанги Сталинград яке аз саҳифаҳои вазнинтарин ва қаҳрамононаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, нуқтаи гардишӣ дар ҷараёни ҷанг маҳсуб мешавад.
«Ин таҷрибаи таърихӣ имрӯз низ аҳамияти бузург дорад: он ёдрас месозад, ки ҳатто дар вазъиятҳои мураккаби зиндагӣ бояд ба худ бовар дошт, устувор буд ва ба роҳи ҳалли сулҳомезу дипломатии ҳар гуна низоъҳо талош варзид», — иброз дошт Консули генералӣ.
Иштирокчиёни митинг хотираи ҳимоятгарони Сталинградро пос дошта, таъкид намуданд, ки нигоҳдории ёди қаҳрамониҳои гузашта омили муҳими тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи сулҳ, масъулият ва эҳтироми байни миллатҳо мебошад.
Маълумоти таърихӣ
Ҷанги Сталинград аз 17 июли соли 1942 то 2 феврали соли 1943 идома ёфт. Пирӯзӣ дар соҳили Волга оғози тағйироти куллӣ дар ҷараёни на танҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ, балки тамоми Ҷанги дуюми ҷаҳон гардид.
АКС: Хонаи русӣ дар Хуҷанд
