Душанбе, 19 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Пулҳои ирсолкардаи муҳоҷирони меҳнатӣ кайҳо боз танҳо манбаи даромади оилаҳои алоҳида нестанд — барои як қатор давлатҳо онҳо ба унсури калидии устувории иқтисодӣ табдил ёфтаанд. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2024 чандин кишвар вобастагии рекордӣ аз маблағҳои муҳоҷирони худро нишон доданд.

Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи аввалро аз рӯи саҳми интиқоли маблағҳо дар ММД ишғол кард. Мувофиқи арзёбии Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2024 ҳаҷми пулҳои ирсолшудаи муҳоҷирон 45,4 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил дод, ки баландтарин нишондиҳанда дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Дар арзиши мутлақ, ҳаҷми интиқолҳо ба 5,8 миллиард доллари ИМА расид. Ин маблағҳо ба яке аз манбаъҳои асосии тавозуни макроиқтисодии ҷумҳурӣ табдил ёфтаанд.
Бо фосилаи назаррас пас аз Тоҷикистон давлати ҷазираии Тонга қарор дорад, ки дар он ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба 38,2 фоизи ММД баробар аст. Вобастагии баланд ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчунин ба як қатор кишварҳои хурд ва рӯ ба рушд хос аст, ки бозори дохилии меҳнат имкони таъмини пурраи аҳолиро надорад.
Ба даҳгонаи кишварҳои пешсаф аз рӯи саҳми интиқоли маблағҳо дар ММД (барои соли 2024) асосан давлатҳое дохил мешаванд, ки дорои саноати маҳдуд, муҳоҷирати фаъоли аҳолӣ ва ҳамгироии қавӣ бо бозорҳои минтақавии меҳнат мебошанд.
Барои Тоҷикистон маблағҳои муҳоҷирон нақши бисёрсатҳаро иҷро мекунанд.
Аввалан, онҳо талаботи дохилиро дастгирӣ мекунанд. Оилаҳо ин маблағҳоро барои хариди молу хизматрасониҳо — аз озуқа то нерӯи барқ, алоқа, нақлиёт ва маориф истифода мебаранд.
Дуюм, интиқолҳо ба пӯшонидани камбуди тавозуни савдои хориҷӣ мусоидат мекунанд. Асъори воридшуда барои хариди молҳои воридотӣ — аз сӯзишворӣ то техника ва доруҳо — истифода мешавад.
Сеюм, маблағҳои интиқолшуда ба таври ғайримустақим даромадҳои буҷетиро афзоиш медиҳанд. Онҳо тавассути бонкҳо, нуқтаҳои интиқол, савдо ва хизматрасонӣ мегузаранд, ки ҳамаи ин бахшҳо андоз месупоранд.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки вобастагии баланд аз интиқолҳо ҳамзамон омили устуворӣ ва манбаи осебпазирӣ мебошад. Аз як тараф, онҳо сатҳи камбизоатиро коҳиш дода, фаъолияти иқтисодиро нигоҳ медоранд. Аз ҷониби дигар, иқтисодро ба тағйироти сиёсӣ, иқтисодӣ ва муҳоҷиратӣ дар кишварҳои қабулкунанда вобаста месозанд.
Аз ҳамин ҷост, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба ташкили ҷойҳои кории дохилӣ, гуногунсозии иқтисод ва рушди сармояи инсонӣ аҳамияти бештар дода мешавад, то муҳоҷират интихоб бошад, на зарурат.
АКС: Маркази ҳифзи ҳуқуқӣ ва мутобиқсозии иҷтимоию фарҳангии муҳоҷирон РОСМИГРАНТ
