Комиссияи Аврупо накшаи нави дастгирии бахши автомобилсозиро пешниход намуд, ки дар доираи он ба истехсоли аккумуляторхо барои мошинхои барки дар дохили Аврупо таъкид намуда мешавад. Барои ин максадхо 1,8 миллиард евро иловаги чудо намуда шудааст, ки барои мустахкам намудани занчири таъминоти ашёи хом сарф мешавад. Ин 3 миллиард евроро, ки аллакай ба истехсоли аккумуляторхо сармоягузори шудааст, пурра мекунад.

“Имруз, барои ракобатпазир будан, Аврупо ба таъминоти худ ниёз дорад. Шумо бояд аккумуляторхоро худатон истехсол кунед ” гуфт комиссари аврупо оид ба наклиёт ва сайёхи Апостолос Тсисикостас. Вай инчунин таъкид намуд, ки аз соли 2026 инчониб Маркази нави ашёи хоми мухим саноати автомобилсозиро бо маводи арзонтар таъмин хохад намуд.
Гайр аз ин, Брюссел ният дорад, ки изи карбонии паркхои корпоративиро, ки беш аз 60% фуруши мошинхои навро ташкил медиханд, кохиш дихад. Тадбирхои мушаххас дар ин самт ваъда медиханд, ки то охири сол пешниход намуда мешаванд.
Пештар раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен изхор дошт, ки ба истехсолкунандагони мошинхо барои мутобик шудан ба стандартхои нави экологи се сол дода мешавад.
Аксхо: аз манбаъхои кушода