Казокистон, 30 июли соли 2025 АИ «Караван Инфо». Мохи феврали соли 2025 чори шудани бастаи 16-уми тахримхои ИА, ки созишномахоро бо як катор бандархои русия манъ мекунад, содироти ангишти казокистонро ба Аврупо зери хатар гузошт. Аз чумла, бандари Уст-Луга таърихан нуктаи калидии транзит барои ин интиколхо мебошад. Аммо, бо кушиши Казокистон, ба бастаи 18-уми тахримхо тагйирот ворид намуда шуд, ки ба идомаи транзит имкон медихад.

Барои халли вазъ, Вазорати савдо ва хамгироии Чумхурии Казокистон дар якчояги бо Вазорати корхои хоричи ва намояндагии ЧК дар назди Иттиходи Аврупо бо чониби аврупо дар сатххои гуногун машваратхо гузарониданд. Ба комиссияи Аврупо дархости расми дар бораи ворид намудани тагйироти дахлдор ба низоми тахримоти ИА фиристода шуд.
Дар натичаи гуфтушунидхо, дар доираи бастаи 18-уми тахримхо, чониби Аврупо ислохот ворид намуд, ки аз манъи созишномахо бо бандархои муайяни русия барои транзити ангишти казокистон хорич намуда мешавад.
Ин истисно хангоми риояи шартхои зерин истифода мешавад:
- Ангишт бояд танхо аз Чумхурии Казокистон сарчашма гирад.
- Моликияти бор бояд ба гайрирезидентхои кишвархое тааллук дошта бошад, ки чорахои махдудкунанда доранд.
- Бандархоро танхо хамчун каламрави транзит, боркуни ё интикол, бидуни харид ё истехсоли мол дар каламрави худ истифода бурдан мумкин аст.
Аксхо: freepik.com