29 октябри соли 2024 дар деҳаи Шаҳидони ҷамоати Сарихосори ноҳияи Балҷувон маросими кушодашавии бонки тухмӣ ҷамъиятӣ баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи бонки тухмӣ муовини раиси ноҳияи Балҷувон Қодирзода Абдуғаффор, муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ва иҷрокунандаи вазифаи намояндаи Созмони кишоварзӣ ва озуқаворӣ (ФАО) дар Тоҷикистон, ҷаноби Агаси Арутюнян ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар баромадҳо қайд гардид, ки Бонки тухмии ҷамъиятии бо мақсади дастрасии деҳқонон ва аҳолии маҳаллӣ ба тухмии навъҳои маҳаллии зироатҳои ғалладона, ки ба шароити иқлими маҳаллӣ мутобиқ ва ҳосили хуб медиҳанд таъсис дода шудааст ваа чунин бонкҳои тухмӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон, Рашт ва Тоҷикобод низ ташкил карда шудаанд.

Бонки тухмӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаи ФГЭ-ФАО «Дастгирии ҳифзи гуногунии агробиологӣ барои устувории озуқаворӣ ва ғизо дар Тоҷикистон” бо мақсади ҳифз ва зиёд намудани навъҳои маҳаллии ғалладонагиҳо ва зироатҳои лубиёгӣ, инчунин хешовандони ваҳшии онҳо таъсис дода шудааст. Дар бонки тухмӣ зиёда аз 1500 килограмм тухмии навъхои маҳаллии зироатхои ғалладона (гандум, ҷав, нахуд, лубиё, боқило) ва хешовандони ёбоӣ онҳо (пиёзи анзур, зира, ревоҷ, зирк, хуч, настран) ва тухмии дигар зироатхои хоҷагии кишлок нигоҳдорӣ ва зиёд карда мешаванд.
Дар доираи ин чорабинӣ дар мактаби №15 ноҳияи Шаҳидон бо мактабачагон синфҳои 8-ум дарси кушоди экологӣ гузаронида шуд, ки дар он муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо ва намояндаи Созмони кишоварзӣ ва озуқаворӣ (ФАО) дар Тоҷикистон, ҷаноби Агаси Арутюнян доир ба масъалаҳои ҳифзу нигоҳдории захираҳои генетикии маҳаллӣ, гуногунии агробиологӣ ва моҳияти он барои амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар Тоҷикистон суханрониҳо карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи Маркази гуногунӣ ва бехатарии биологии Кумита барои маткбачагон маводҳои чопию тарғиботӣ доир ба захираҳои гентикӣ, санаҳои экологӣ ва туфаҳои хотиравӣ туҳфа карда шуд. Ҳамчунин дар мактаби ноҳияи Шаҳидон гӯшаи экологии захираҳои генетикӣ маҳаллӣ ташкил карда шудааст, ки дар он харитаи паҳншавии захираҳои генетикӣ минтақаи Балҷувон, намунаи тухмиҳо, постеру овезаҳои экологӣ насб карда шуданд.
АКС аз манбаҳои боз