Душанбе, 11 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ Душанбе» маросими ифтитоҳи расмии Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Ин чорабинии сатҳи баланд дар асоси сиёсати хирадмандона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, ҳадафи он рушди варзиши зеҳнӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон мебошад.
Мусобиқа тибқи тақвими Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) ва Нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 баргузор шуда, аз 9 то 16 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе идома меёбад.
Ин мусобиқа бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар он зиёда аз 250 шоҳмотбоз аз 16 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.
Мусобиқа ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, рушди минбаъдаи шоҳмот дар кишвар, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии варзишгарони тоҷикро ҳадаф қарор додааст.
Дар маросими ифтитоҳи расмӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва раиси Федератсияи миллии шоҳмоти Тоҷикистон Зафар Мирзо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Суханронҳо иқдомҳои варзишпарварона ва дастгирии доимии Пешвои миллатро омиле арзёбӣ намуданд, ки ба рушди устувори шоҳмот дар Тоҷикистон мусоидат намуда, заминаи мусоиди муаррифии шоистаи кишварро дар арсаи байналмилалӣ фароҳам меорад.
Бино ба гуфтаи ташкилдиҳандагон, баргузории чунин мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба боло бурдани маҳорати касбии шоҳмотбозони тоҷик ва таҳкими нуфузи Тоҷикистон дар арсаи варзиши байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Мусобиқа то 16 ноябр идома ёфта, пас аз анҷом маросими тақдими ғолибону ҷоизадорон баргузор мегардад.
АКС: АИ «Корвон Иттилоот»
