ИМА аз тарси шиддат гирифтани Чин сафари Вазири Мудофиаи Тайванро бекор намуд – ИА Караван Инфо
ИМА аз тарси шиддат гирифтани Чин сафари Вазири Мудофиаи Тайванро бекор намуд

Москва, 30 июли соли 2025 АИ «Караван инфо». Сафари пешбинишудаи вазири мудофиаи Тайван Веллингтон Ку ба Вашингтон дар лахзаи охир бо ташаббуси чониби амрико лагв намуда шуд.

Тавре, ки Financial Times бо истинод ба манбаъхо хабар медихад, сабаби он нигаронии маъмурияти ИМА аз он буд, ки омадани як мансабдори баландпояи Тайван метавонад муносибатхои нозукро бо Пекин вайрон кунад — алахусус дар пасманзари музокироти давомдори тичорати ва талошхо барои ташкили хамоиши эхтимоли байни Доналд Трамп ва Си Чинпин.

Дар аввал, Ку ният дошт, ки бо Элбрич Колби, муовини собики Вазири мудофиаи ИМА оид ба стратегия, ки хамчун яке аз меъморони “хатти сахт” нисбат ба Чин барраси мешавад, гуфтушунид кунад.

Аммо, сафар бекор намуда шуд, гарчанде, ки дар доирахои дипломати он хамчун кушиши тахкими хамкории гайрирасмии харби ва сиёси байни Вашингтон ва Тайбэй барраси намуда шуд.

Тибки иттилои FT, ИМА холо тамосро дар сатхи поёнтар барраси мекунад, то Пекинро тахрик надихад, ки пайваста аз хама кишвархо риояи принсипи “Як Чин” – ро талаб мекунад.

Вашингтон расман ин принсипро эътироф мекунад, аммо дар асл Тайванро дастгири мекунад, ба он силох медихад ва робитахои сёсиро рушд медихад.

Рад намудани сафари Веллингтон Ку дигар аввалин чунин карор нест. Каблан Кохи Сафед инчунин ба ноиби президенти Тайван Ла Синде ичозат надод, ки хангоми транзит ба кишвархои Амрикои Лотини дар Ню Йорк бимонад. Аз сабаби фишори Чин, сафари Лай хадди аккал то охири сол ба таъхир афтод.

Коршиносон кайд мекунанд, ки чунин сигналхои ИМА аз хохиши мувозинати манфиатхои худ дар Осиё шаходат медиханд ва аз муковимати ошкоро бо Чин канорагири мекунанд, алахусус дар даврае, ки харду давлат кушиш мекунанд муколамаро оид ба масъалахои асоси — аз тичорат то амният ба эътидол оранд.

Аксхо: AP Photo / Mark Schiefelbein/Pool

error: