Душанбе, 13 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар 32-юмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ «MITT — 2026», ки аз 11 то 21 март дар шаҳри Москва баргузор мегардад, муаррифӣ карда мешаванд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Кумитаи рушди сайёҳӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази намоишгоҳии «Крокус Экспо» гӯшаи миллии сайёҳии Тоҷикистонро ташкил намудааст.
Экспозитсияи сайёҳии Тоҷикистон масоҳати 63 метри мураббаъ-ро фаро гирифта, дар он маводи таблиғотӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии мамлакат, роҳнамоҳои сайёҳӣ, харитаҳо, варақаҳои иттилоотӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маводи ҷолиб барои меҳмонони намоишгоҳ пешниҳод гардидаанд.
Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои фаровон дорад. Ин бахш яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ ва муаррифии фарҳанг ва тамаддуни кишвар мусоидат менамояд.

Сайёҳӣ имкон медиҳад, ки дар сатҳи байналмилалӣ табиати нотакрори мамлакат, аз ҷумла дарёҳо ва кӯлҳои софу зулол, чашмаҳои шифобахш, меваҳои хуштаъм, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, гуногунии набототу ҳайвонот ва манзараҳои нодири табиӣ муаррифӣ карда шаванд. Аз ин рӯ, рушди ин соҳа ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Таҷрибаи даҳсолаҳои охир нишон медиҳад, ки соҳаи сайёҳӣ, сарфи назар аз бӯҳронҳои иқтисодӣ, тағйироти сиёсӣ ва дигар равандҳои иҷтимоӣ, рушди устувори худро идома медиҳад. Ба иттилои таҳлилгарон, ба ҳисоби миёна 91 сент аз ҳар як долларе, ки дар соҳаи сайёҳӣ масраф мегардад, дар иқтисоди миллии кишвар боқӣ мемонад.
Ҳамчунин сайёҳӣ барои таъсиси ҷойҳои нави кории мустақим ва ғайримустақим, доимӣ ва мавсимӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Тибқи ҳисобҳо, ҳар як сайёҳ метавонад ба таъсиси то 15 ҷойи корӣ мусоидат намояд.
Қобили зикр аст, ки ба шарофати сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид ва солҳои 2019–2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» муайян шуданд. Ҳамзамон «Стратегияи рушди сайёҳӣ то соли 2030» қабул гардид, ки барои пешрафти соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшид.

Бо мақсади муаррифии фарҳанги ғанӣ ва асолати миллии мардуми тоҷик дар доираи намоишгоҳи «MITT-2026» барномаи фарҳангӣ низ баргузор гардид. Дар он гурӯҳи мусиқии «Азия Нур» ва ансамбли «Санам» бо навохтани оҳангҳо дар созҳои миллии тоҷикӣ ҳунарнамоӣ намуда, инчунин бо рақсу сурудҳои халқӣ ба меҳмонон ва иштирокчиёни намоишгоҳ фазои идона бахшиданд.
АКС: АМИТ «Ховар»
