ОСТОНА, 02 феврал АИ «Караван инфо». Шаҳрвандони Қазоқистон метавонанд ба Ҳиндустон раводиди ройгон гиранд. Дар ин бора сафири Фавқулодда ва Ваколатдори Ҳиндустон дар ҶҚ Ю.К. Сайлас Тангал дар қабули расмӣ дар Остона, бахшида ба 77-солагии Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумати Ҳиндустон тасмим гирифтааст, ки ба қазоқистон то 30 рӯз раводиди ройгон диҳад. Имтиёз барои сафарҳои сайёҳӣ, табобати тиббӣ ва инчунин барои ҳамроҳон эътибор дорад. Раводидро онлайн ё бо муроҷиати шахсӣ ба сафорат гирифтан мумкин.
Дипломат афзоиши сайёҳии мутақобиларо қайд намуд: Дар соли 2025 Шумораи зиёди қазоқистониҳо ба Ҳиндустон ташриф оварданд ва Қазоқистон, тибқи арзёбии ҷониби ҳиндустон, тақрибан 250 ҳазор шаҳрвандони Ҳиндустонро қабул намуд.


Дар суханронии худ сафир иқтидори иқтисодии Ҳиндустонро ҳамчун яке аз иқтисодҳои босуръат рушдёбандаи ҷаҳон, инчунин ҳамкории фаъоли ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва форматҳои минтақавӣ таъкид намуд. Гарчанде, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷониба имрӯз тақрибан 1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ҷонибҳо имкониятҳои назаррасро барои тавсеаи минбаъдаи он мебинанд.
Аксҳо: Kazinform
