Ислоҳоти сиёсии Қазоқистон аз ҷониби АПША дастгирӣ ёфт
Страсбург, 22 январи соли 2026 АИ «Караван инфо». Ассамблеяи парламентии Шӯрои Аврупо (АПША) эъломияи хаттии “Дастгирии ислоҳоти демократӣ ва роҳбарияти минтақавии Қазоқистон” – ро қабул намуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ҶҚ хабар дод.

Ҳуҷҷат пайравии Қазоқистонро ба дигаргуниҳои демократӣ, аз ҷумла ислоҳоти конститутсионӣ ва судӣ, инчунин бекор намудани ҳукми қатл баланд арзёбӣ мекунад.
Эъломияро 21 парламентарии фраксияҳои гуногуни сиёсии АПША имзо намуданд. Дар он Қазоқистон пешвои минтақавӣ дар соҳаи рушди идоракунии демократӣ ва таҳкими волоияти қонун номида мешавад.
Аксҳо: freepik / nensuria
