Санаи 23 июли соли 2024 дар Идораи Вазорати корхои дохили дар шахри Душанбе мизи мудаввар дар мавзуи “Сахми шурохои чамъияти дар татбики ислохоти милитсия” баргузор гардид.

Дар рафти суханронии худ сардори Раёсати Вазорати корхои дохили дар шахри Душанбе Шохрух Саидзода кайд намуд, ки Раёсати Вазорати корхои дохили оид ба татбики раванди ислохоти милитсия корхои зиёдеро анчом дода, хамкориро бо шурохои чамъияти самаранок ба рох мондааст.

Мувофики ислохоти милитсия бо максади вокуниши фаври ба мурочиатхои сокинони пойтахт сайти расмии идоракуни таъсис дода шуд. Хамчунин, вохурии кормандони участкавии милитсия бо шурохои чамъияти ва сокинони пойтахт ташкил ва гузаронида шуд. Соли 2024 аз чониби Идора нуктаи мобилии милитсия оид ба мурочиатхои шахсони вокеи ва хукуки таъсис дода шуд, ки он низ дар асоси хафтаина рузи шанбе ба нохияхои гуногуни Душанбе сафар хохад намуд.

Ба гуфтаи хамохангсози миллии ислохоти милитсия Сафиало Азизуллозода, татбики ислохоти милитсия, яке аз хадафхои асосии Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон мебошад. Меъёри асосии расидан ба ин хадафхо хамкории зичи милитсия бо чомеа мебошад.
Аксхо: Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон