Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ва Президенти Чумхурии Исломии Эрон Масъуд Пезешкиён баъди вохурихо, гуфтушунидхо ва маросими имзои хуччатхо барои расонахои хабари нишасти матбуоти доир намуданд.

Сарвари давлати Точикистон Мухтарам Эмомали Рахмон аз рафту натичахои вохурихо ва гуфтушунидхо дар сатхи оли, инчунин раванди тахкиму густариши робитахои точикистону эрон дар хамаи чанбахои мавриди барраси изхори каноатманди намуданд. Аз чумла, онхо бекор намудани раводиди байни ду кишварро истикбол намуданд ва таъкид намуданд, ки ин икдом ба густариши робитахо дар хама самтхо мусоидат хохад намуд.
Президенти Чумхурии Исломии Эрон Масъуд Пезешкиён дар навбати худ фазои гарму мехмоннавози моро ва рафти сафари нахустини худро ба Точикистон, ки хамчун сафари давлати сурат мегирад, баланд арзёби намуда, изхори бовари намуд, ки татбики натичахои он барои хар ду чониб самарабахш хохад буд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода