Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Давлати Қатар рафт – ИА Караван Инфо
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Давлати Қатар рафт

Душанбе, 16 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот».   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Давлати Қатар сафар намуд. Имрӯз дар шаҳри Давҳа иҷлосияи ғайринавбатии сарони кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ ва давлатҳои арабӣ баргузор мегардад, ки ба баррасии вазъи мураккаби Ховари Миёна бахшида шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 14 сентябр Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти изтирории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ иштирок намуд. Нишаст бо ибтикори Қатар пас аз ҳамлаи мушакии Исроил ба Давҳа 9 сентябр доир шуд.
Дар ҷаласа рӯзнома ва лоиҳаи санади ниҳоии саммит баррасӣ ва тасдиқ гардид.

9 сентябр Исроил амалиёти ҳавоии «Саммити оташ»-ро анҷом дод. Зарба ба қароргоҳи ҲАМАС дар Давҳа, замоне ки музокирот оид ба пешниҳоди нави Президенти ИМА Доналд Трамп доир ба оташбас дар Ғазза сурат дошт, расонида шуд. Дар амалиёт 15 ҳавопаймои ҷангӣ ва низомҳои бесарнишин истифода гардиданд.

Мақомоти исроилӣ изҳор доштанд, ки ҳамла ҷавоб ба ҳамлаи ҲАМАС рӯзи 7 октябри соли 2023 ва ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Қудс 8 сентябри соли 2025 мебошад.

Ҳамлаи ҳавоӣ мавриди маҳкумияти шадиди кишварҳои Ховари Миёна ва берун аз он қарор гирифт. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид намуд, ки чунин амалҳо «вайронкунии ошкорои меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва асосҳои оинномаи СММ буда, боиси афзоиши таниш дар вазъи аллакай мураккаб мегардад».

Давоми ду даҳсолаи охир Давлати Қатар ба яке аз марказҳои муҳими музокироти байналмилалӣ табдил ёфтааст. Музокирот оид ба бозгардонидани кӯдакони украинии рабудашуда, хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон, созишҳои сулҳ дар Судон ва масъалаи оташбас дар Ховари Миёна маҳз дар Давҳа сурат гирифтаанд.

АКС: Вазорати  корҳои хориҷии Тоҷикистон

error: