Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи бахшида ба 80-солагии пирӯзии мардуми Чин бар зидди милитаризми Ҷопон дар Пекин иштирок намуд – ИА Караван Инфо
Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи бахшида ба 80-солагии пирӯзии мардуми Чин бар зидди милитаризми Ҷопон дар Пекин иштирок намуд

Душанбе, 04 сентябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин якҷо бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва роҳбарони як қатор давлатҳо дар тантанаи бошукӯҳ дар майдони Тянанмэн иштирок намуданд. Ин чорабинӣ ба 80-солагии пирӯзии мардуми Чин дар ҷанги зидди милитаризми Ҷопон ва Ҷанги ҷаҳонии зиддифашистӣ бахшида шуд.

Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар роҳбарони давлатҳоро Раиси ЧМЧ муҳтарам Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифт. Пеш аз оғози паради ҳарбӣ маросими аксбардории ёдгорӣ бо иштироки сарони давлатҳо баргузор гардид.

Дар тантана роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 26 кишвар ширкат варзиданд. Дар трибуна ҳамчунин қаҳрамонон ва собиқадорони ҷанг ҷойи ифтихорӣ гирифтанд, ки ҳузури онҳо ба чорабинӣ ранги хос бахшид.

Паради низомӣ, ки бо шукӯҳи бесобиқа омода шуда буд, иштироки қисмҳои заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Чин ва ҳамчунин техникаи муосири ҳарбии намудҳои гуногуни қӯшунҳоро дар бар гирифт. Ин намоиши бузург ҳам рамзи поси хотири гузашта ва ҳам нишонаи ирода ба сулҳу ҳамкорӣ мебошад.

Иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин чорабинии ҷашнӣ шаҳодати сатҳи баланди равобити дӯстона ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Чин мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: