Душанбе, 04 декабр, – АИ «Корвон Иттилоот». Имрӯз, 3 декабр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Маҷлиси Миллӣ ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи мусиқии №3 ба номи Абдуфаттоҳ Одинаев»-ро дар кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиев, ноҳияи Синои пойтахт ба истифода доданд.

Бинои нави дуошёна дар масоҳати 0,17 гектар қомат афрохта, барои 300 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Сохтмони иншоот аввали соли равон оғоз ёфта, дар муддати кӯтоҳ ба анҷом расид.
Дар бинои нав шароити муосир барои таҳсил фароҳам оварда шудааст: синфхонаҳои таълимии мусиқӣ ва рақс, синфҳои фортепиано, созҳои халқӣ ва академӣ, толори барҳаво бо 42 ҷойи нишаст ва китобхона.
Мактаби бачагона соли 1962 дар заминаи хонаи истиқоматӣ таъсис ёфта, то ҳол ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Ҳоло хонандагон метавонанд дар муҳити муосир ба таҳсил ва рушди ҳунари худ машғул шаванд.
Дар муассиса 130 хонанда ҳунари навозиши асбобҳои халқӣ ва ҷаҳонӣ, рақс ва сурудро меомӯзанд. Ба онҳо 25 омӯзгор, аз ҷумла санъаткорони варзида ва собиқадор таълим медиҳанд. Муассиса бо созҳои муосири мусиқӣ, аз ҷумла фортепиано ва рояли хурди электронӣ, кларнет, флейта, гитара ва асбобҳои зарбӣ таъмин шудааст.
Хонандагони мактаб дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», инчунин озмунҳо дар Олмон, Швейтсария, Туркия ва Русия иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Пешвои миллат омӯзгорон ва хонандагонро бо ифтитоҳи бинои нав табрик намуда, таъкид карданд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо нақши фарҳанг ва санъат барои муаррифии давлат ва миллат бештар мегардад. Ӯ аз омӯзгорон даъват намуд, ки ба тарбияи мутахассисони шоистаи санъату ҳунар диққати махсус диҳанд.
Имрӯз дар пойтахт ҳамчунин 8 муассисаи томактабӣ барои 1900 кӯдак ифтитоҳ гардид. Сохтмони боз 98 муассисаи томактабӣ барои 23 ҳазор кӯдак идома дорад. Соли 2025 то имрӯз дар Душанбе 5 мактаб бо 2650 ҷой ва 16 муассисаи томактабӣ барои 3640 кӯдак ба истифода дода шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
