Душанбе, 18 декабр, 2025г – АИ «Корвон Иттилоот». Соҳаи кӯҳкорӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок дар солҳои охир ба яке аз бахшҳои калидии рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ изҳори назар намуда, натиҷаҳои бадастомада ва ҳадафҳои стратегии ояндаро муаррифӣ кард.

Ба таъкиди Сарвари давлат, афзоиши устувори ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи кӯҳкорӣ натиҷаи сиёсати пайгиронаи индустрикунонии кишвар ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир мебошад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи кӯҳкорӣ аз 7,7 миллиард сомонӣ дар соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расида, 3,4 маротиба афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон, дар давоми ҳафт соли охир ҳаҷми умумии истеҳсолот 2,5 маротиба зиёд шуда, ба 66 миллиард сомонӣ баробар гардид. Танҳо дар соли 2025 суръати рушд 22 фоиз-ро ташкил додааст, ки ба гуфтаи президент далели равшани навсозии соҳа ва самаранокии барномаи давлатии индустрикунонӣ мебошад.
Президенти кишвар ба тағйироти таърихии соҳа низ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Дар соли 1991 Тоҷикистон ҳамагӣ се навъи маҳсулоти кӯҳкорӣ — тилло, нуқра ва хокаи сурб истеҳсол мекард.
То соли 2025 шумораи намудҳои маҳсулоти истеҳсолшаванда ба 17 номгӯй расидааст, ки ин нишонаи диверсификатсияи истеҳсолот ва истифодаи самараноки захираҳои табиист.
Дар ин давра: истеҳсоли тилло — 7 маротиба, нуқра — 6 маротиба, хокаи сурб — 9 маротиба нисбат ба соли 1991 афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар солҳои наздик Тоҷикистон ният дорад истеҳсол ва истихроҷи канданиҳои фоиданокро ду баробар зиёд намояд. Барои расидан ба ин ҳадаф, ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ ва рушди корхонаҳои коркард аҳамияти калидӣ доранд.
Президент зарурати ташкили занҷираи пурраи коркард-и ашёи хоми маҳаллиро, бахусус металлҳоро таъкид намуда, ин равандро омили муҳими афзоиши арзиши иловагӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ арзёбӣ кард.
Дар Паём инчунин ба рушди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои доруӣ ишора шуд, ки метавонад робитаи зичи саноат ва кишоварзиро таъмин намояд.
Илова бар ин, Сарвари давлат зарурати таҳияи Стратегияи нави рушди соҳаи кӯҳкорӣ барои солҳои 2026–2030-ро муҳим арзёбӣ кард. Ин санад тақвияти назорати давлатӣ, беҳтарсозии вазъи экологӣ дар минтақаҳои истихроҷ ва такмили қонунгузории соҳаро дар бар мегирад.
Паёми президент равшан нишон дод, ки соҳаи кӯҳкорӣ ҳамчун пояи асосии рушди индустриалии кишвар баррасӣ мегардад. Афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, васеъшавии навъҳои маҳсулот ва гузариш ба коркарди амиқ Тоҷикистонро ба модели иқтисоди муосир ва устувор наздик мекунад.
АКС: eurasiareview.com
