Душанбе, 27 август, АИ «Караван Инфо». Сафари кории Президенти Чумхурии Точикистон, Пешвои миллат Мухтарам Эмомали Рахмон ба водии Рашт дар нохияи Нуробод идома ёфт.
Сарвари давлат бо лоихаи сохтмони пули автомобили, ки бузургтарин дар кишвар хохад буд, шинос шуд. Дарозии он 920 метр ва пахноии он 15 метрро ташкил медихад.

Татбики лоиха барои ду сол пешбини шудааст. Пули нав сохили Дарёи Сурхобро мепайвандад ва кадами мухим дар истифодаи имкониятхои саноати ва сайехии минтака хохад буд ва инчунин ба рушди иктисодии кишвар мусоидат хохад намуд.
Ташаббуси сохтмони пули калонтарин дар водии Рашт хамчун сахми назаррас дар расидан ба хадафи стратегии Точикистон — баромадан аз бунбасти коммуникатсиони арзеби мешавад.
Лоиха дар доираи мархилаи сеюми сохтмони Рохи Автомобилгарди Обигарм Нуробод тибки стандартхои байналмилалии сохтмони роххо амали намуда мешавад. Барои омода намудани асосноккунии техники-иктисоди ва карорхои лоихави мухандисони ватани ва хоричи чалб намуда шудаанд.
Эмомали Рахмон ба мутахассисон супориш дод, ки ичрои саривакти ва босифати корхоро таъмин намуда, маводи муосирро истифода баранд ва дар табдил додани Точикистон ба кишвари транзити сахми назаррас гузоранд. Сарвари давлат инчунин барои бунеди пул санги рамзи гузошт.
Дар чараёни сафар Президенти кишвар 75 километр роххои асфалтпушшудаи махаллиро дар шахри Рогун ва нохияи Нуробод ба истифода дод. Ин роххо, ки дар доираи татбики лоихаи Рохи Обигарм Нуробод сохта шудаанд, чамоатхои Мучихарф, Мехробод, Сафедчашма ва Оби Махаллаи Нохияи Нуробод, инчунин чамоати Обигарми шахри Рогунро бо шохрохи асоси пайваст намуданд.
Роххои навшуда шароити зиндагии кариб 100 хазор нафарро бехтар мекунанд, дастрасии осонтар ба тахсилот, хизматрасонихои тибби ва бозорхои пойтахтро барои истехсолкунандагони кишоварзи таъмин мекунанд.
Ин лоиха, ки бо ташаббуси Пешвои миллат амали гардид, дар байни сокинони махалли шодиву миннатдори ба бор овард. Тибки супориши сарвари давлат, сохтмони пул бояд то мохи ноябри соли 2027 ба анчом расад.

Пули оянда на танхо ду сохили обанбори НБО-и Рогунро дар чараёни дарёи Сурхоб мепайвандад, балки дар рушди иктидори саноати ва сайёхии минтака накши калиди мебозад ва дар ташаккули иктисоди милли сахми назаррас мегузорад.
АКСХО: Хадамоти матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон