Душанбе, 06 июл, – АИ “Караван Инфо”. Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон дар нишасти 17-уми Созмони хамкорихои иктисоди (СХИ), ки дар шахри Хонканди Озарбойчон баргузор шуд, ширкат ва суханрони намуд. Вай дар суханронии худ чолишхо ва авлавиятхои асосии рушди минтакаро баён намуда, омодагии Точикистонро барои иштироки фаъолона дар халли онхо таъкид намуд.
Сарвари давлат ба Президенти Озарбойчон Илхом Алиев барои мехмоннавози ва ташкили баланди форум изхори сипос намуда, хамкори бо кишвархои СХИ-ро авлавияти мухими сиёсати хоричии Точикистон номид.

Президент Рахмон кайд намуд, ки хамкорихои тичоратию иктисоди бо кишвархои узви СХИ динамикаи мусбатро нишон медихад: дар соли 2024 хачми муомилоти мол миёни Точикистон ва кишвархои ширкаткунанда ба 33 фоизи хачми умумии гардиши савдои хоричии чумхури расид, ки нисбат ба соли гузашта 18 фоиз зиёд аст.
Вай ба густариши хамкорихо дар бахшхои тичорат, наклиёт, энергетика, саноат ва кишоварзи даъват намуда, кайд намуд, ки ин сохахо барои рушди устувори минтака мухиманд.
Дар байни ташаббусхои асосй Эмомалй Рахмон чунин таклиф намуд:
▪Ракамикноии хуччатхои транзити ва тичорати, ки шаффофият, суръатбахшии амалиёт ва кам намудани харочотро таъмин мекунад.
▪Тахияи стратегияи нави устувории энергетикии СХИ бо таваччух ба энергияи сабз ва татбики лоихахои минтакави, аз чумла CASA-1000.
▪Таъсиси кластерхои агросаноати, чори намудани «интеллектуалии кишоварзи ва бехтар намудани амнияти озукавори.
Раиси Чумхурии Точикистон бо дарназардошти афзоиши шумори офатхои табии ва хатархои марбут ба тагйири иклим хостори хамохангсозии талошхо дар доираи СХИ шуд. Вай пешниход намуд, ки чихати кохиш додани окибатхои офатхои табии ва тахдидхои иклими чорахои муштарак андешида, хамкорихо дар сохаи хифзи мухити зист ва табодули технологияхои сабз фаъол намуда шаванд.

Ташаббуси густариши робитахо дар сохаи гуманитарии — дар сохахои маориф, тандурусти ва сайёхи низ садо дод. Эмомали Рахмон хавасмандии Точикистонро ба тахкими равобити фарханги бо кишвархои узви СХИ тасдик намуд.
Раисичумхури Точикистон бо ишора ба ташдиди бухронхои чахони, бахусус авзоъ дар Ховари Миёна, аз халли мусолиматомези низоъхо танхо бо василахои сиёси ва дипломати химоят намуд.
Дар хотима у изхори итминон намуд, ки натоичи нишасти 17-уми СХИ заминаи амиктар намудани хамкорихои мутакобилан судманд ва бисёрчониба хохад шуд, ки ба манфиатхои хамаи кишвархои ширкаткунанда чавобгу аст.
СУРАТ: Хадамоти матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон