Энергияи хамкори: дар Нинбо мачлиси Панчуми вазирони энергетикаи давлатхо – узвхои СХШ баргузор гардид – ИА Караван Инфо
Энергияи хамкори: дар Нинбо мачлиси Панчуми вазирони энергетикаи давлатхо - узвхои СХШ баргузор гардид

Душанбе, 28 июн, – АИ «Караван инфо». Санаи 26 июн дар шахри Нинбои Чумхурии Мардумии Чин мачлиси Панчуми вазирони энергетикаи давлатхои узви Созмони Хамкории Шанхай (СХШ) баргузор шуд. Чорабинии мазкур дар шакли омехта тахти раёсати Раиси идораи давлатии энергетикии Чин Ван Хунчжи баргузор шуд.

Тавре, ки дар Котиботи СХШ дар Пекин хабар дода шуд, дар чаласа намояндагони вазорату идорахои кишвархои иштирокчи, ки барои рушди хамкории энергетики масъуланд, иштирок намуданд.

Иштирокчиён оид ба вазъи кунуни ва дурнамои рушди хамкории энергетики дар доираи СХШ мубодилаи афкор намуданд. Рохбарони хайатхо ба таъмини гузариши энергия, баланд бардоштани устувории системахои энергетики, инчунин ба масъалахои амнияти энергия дар шароити ноустувории чахони диккат доданд.

Дар чараёни чаласа лоихаи Изхороти Шурои сарони давлатхои аъзои СХШ оид ба рушди устувори энергетика, ки дар саммити ояндаи СХШ дар Тянсзин кабул намуда мешавад, тасдик карда шуд.

Чонибхо инчунин нияти идомаи мувофика намудани харитаи Рохро барои Татбики Стратегияи хамкории энергетики то соли 2030, ки дар саммити Остона дар мохи июли соли 2024 тасдик шудааст, тасдик намуданд.

Худи хамон руз дар доираи чорабини форуми байналмилали бо шиори: “Инноватсия ва хамгирои: энергия ояндаро муайян мекунад” бо иштироки намояндагони давлатхои нозир, шарикони СХШ оид ба муколама ва созмонхои байналмилали баргузор шуд.

АКСХО: Котиботи СХШ

error: