Эрон қатъномаи манъи ҳамла ба иншооти ҳастаиро пас аз фишори ИМА бозхонд намуд – ИА Караван Инфо
Эрон қатъномаи манъи ҳамла ба иншооти ҳастаиро пас аз фишори ИМА бозхонд намуд

МОСКВА, 19 сентябри соли 2025 АИ «Караван инфо». Теҳрон дар лаҳзаи охир қатъномаеро, ки ҳамла ба иншооти ҳастаиро манъ мекунад, аз овоздиҳии СММ хориҷ намуд.

Ҳуҷҷате, ки дар якҷоягӣ бо Русия, Чин ва як қатор кишварҳои иттифоқчиён таҳия шудааст, бояд дар конфронси Генералии МАГАТЭ баррасӣ намуда шавад.

Дар он ҳамлаҳои моҳи июни Исроил ва ИМА ба иншооти ҳастаӣ ва низомии эрон, ки Теҳрон онро нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ меномад, маҳкум намуда шуд.

Ба гуфтаи дипломатҳои ғарбӣ, Вашингтон фаъолона барои бозхондани ташаббус лобби менамуд. Аз ҷумла, ИМА гӯё ба коҳиши маблағгузории МАГАТЭ ишора намудааст, агар агентӣ ҳуқуқи Исроилро маҳдуд кунад.

Чунин ҳолат аллакай дар соли 1981 рух дода буд, вақте, ки пас аз зарбаи исроил ба реактори ироқ сохторҳои байналмилалӣ ҳамкориро бо Тел-Авив қатъ намуданд.

Сафири эрон дар СММ Ризо Наҷафӣ шарҳ дод, ки қарори бозхонд “дар рӯҳияи иродаи нек ва бо дархости якчанд давлатҳои аъзо” қабул шудааст. Вай афзуд, ки муҳокима ба соли оянда мавқуф гузошта шуд, зеро Теҳрон ба ҷудоӣ дар байни иштирокчиёни конфронс талош намекунад.

Қаблан Раиси Созмони энержии атомии Эрон Муҳаммад Эслами МАГАТЭ-ро даъват намуда буд, ки “бар зидди ҳамлаҳои ғайриқонунӣ чораҳо андешад” ва аз фишори сиёсии ИМА ба оҷонсӣ изҳори нигаронӣ намуд.

Баррасии қатънома бо раванди дубора ҷорӣ намудани таҳримҳои СММ алайҳи Эрон бо сабаби барномаи ҳастаии он мувофиқат намуд. Исроил ва ИМА дар моҳи июн ба иншооти Эрон зарба зада, изҳор доштанд, ки Теҳрон ба сохтани силоҳи ҳастаӣ наздик аст. Худи Эрон исрор меварзад, ки барномаи ӯ танҳо осоишта аст.

Аксҳо: IRNA

error: