Остона, 16 феврали соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар Қазоқистон эътилофи умумимиллии “Барои Конститутсияи Халқии Қазоқистони Одилона ва Пешрафта!» ташкил карда шуд. Ба он намояндагони панҷ ҳизби сиёсии пешрафта ва зиёда аз 300 ташкилоти ҷамъиятӣ дохил шуданд. Иштирокчиён изҳор доштанд, ки лоиҳаи Конститутсияи Нав ба курси стратегии кишвар мувофиқат мекунад ва ба навсозии низоми сиёсӣ нигаронида шудааст.

Раиси Маҷлис Ерлан Кошанов таъкид намуд, ки ҳуҷҷат натиҷаи ислоҳоти васеъмиқёс гардид ва талаботи ҷомеаро инъикос мекунад. Ба гуфтаи ӯ, афзалияти давлат инсон, ҳуқуқ ва имкониятҳои он ва захираи асосии ҷавонони соҳибмаърифат мебошад.
Мушовири давлатӣ Ерлан Карин қайд намуд, ки Конститутсияи нав ба рушди кишваре, ки ба дониш, навоварӣ ва пешрафти технологӣ нигаронида шудааст, такон мебахшад. Дар ояндаи наздик аъзои эътилоф дар минтақаҳо, аз ҷумла вохӯриҳо бо коллективҳои меҳнатӣ ва сокинони маҳалҳои дурдаст дар арафаи раъйпурсӣ ба корҳои фаҳмондадиҳӣ шурӯъ мекунанд.


Дар ҷараёни ҷаласа инчунин раиси ҳизби “Ауил” Серрик Егизбаев, раиси ҳизби Демократии Қазоқистон “Ак жол” Азат Перуашев, раиси ҳизби “Respublica” Айдарбек Хоҷаназаров, роҳбари фраксияи ҳизби Халқии Қазоқистон дар Маҷлис Магеррам Магеррамов, вакилони Маҷлис, аъзои фраксияи ҳизби AMANAT Ерлан Саиров, Унзила Шапак ва Сергей Пономарев баромад намуданд.

Аксҳо: Аманат
