Душанбе, 13 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз 11 то 15 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус 11 март зимни вохӯрии маҷозии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо муовини Директори генералӣ ва намояндаи минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Виорел Гутсу иттилоъ дода шуд.

Тавре Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории минбаъда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, инчунин омодагӣ ба баргузории ҳамоиши муҳими байналмилалиро, ки қарор аст дар шаҳри Душанбе доир гардад, баррасӣ намуданд.
Дар натиҷаи музокирот байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд, ки ба таъмини омодагии ҳамаҷониба ва ташкилии конфронси дарпешистода равона гардидааст.
Ба имзо расидани ин санад барои омодагии саривақтӣ ва босифати Конфронси 35-уми минтақавии FAO барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, ҳамчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва сохторҳои байналмилалиро дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории чорабинӣ таъмин менамояд. Дар доираи ин Ёддошти тафоҳум ҳамкорӣ дар самтҳои ташкилию техникии конфронс, омодасозии барномаҳои муҳокимавӣ, ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии иштироки ҳайатҳои кишварҳои минтақа пешбинӣ гардидааст.
Интизор меравад, ки конфронси мазкур ба як минбари муҳими байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар бахши аграрӣ, инчунин таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар шароити тағйирёбии вазъи иқтисодиву иқлимии ҷаҳонӣ табдил ёбад.
Гуфта мешавад, ки дар кори конфронс намояндагони 54 давлати узви Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ аз минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ, инчунин намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, муассисаҳои молиявии ҷаҳонӣ, марказҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, инчунин шарикони рушд иштирок хоҳанд кард.
Интизор меравад, ки дар ҳамоиш доираи васеи коршиносон, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ, ки ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори деҳот машғуланд, гирд оварда шаванд.
Баргузории чунин чорабинии бузурги байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон нишондиҳандаи нақши фаъоли кишвар дар ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ маҳсуб ёфта, ҳамзамон сатҳи баланди эътимоди созмонҳои байналмилалиро нисбат ба Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар татбиқи барномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ инъикос менамояд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
