Ёдгориҳои Хуттали Қадим: муаррифгари таърих ва фарҳанги миллат дар арсаи ҷаҳон – ИА Караван Инфо
Ёдгориҳои Хуттали Қадим: муаррифгари таърих ва фарҳанги миллат дар арсаи ҷаҳон

Душанбе, 03 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Соли 2026 дар ноҳияи Восеъ симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Хуттали Қадим – сарчашмаи ташаккули забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонӣ ва гуногунҷанбаи минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад. Ташаббускори ҳамоиш Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Баргузории ин чорабинӣ ба муносибати ворид гардидани ёдгориҳои Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО сурат мегирад, ки ин иқдом қадами муҳим дар роҳи эътирофи байналмилалии мероси фарҳангии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Дар ҳудуди ноҳия маҷмааи бостоншиносии Қалъаи Ҳулбук ҷойгир аст, ки боқимондаҳои қасри пойтахти Хуттали Қадим ба шумор меравад. Таърихи ин қалъаи бостонӣ ҳазорсолаҳо умр дошта, аз марказҳои муҳими сиёсию фарҳангии асрҳои миёна маҳсуб мешавад.

Ҳулбук намунаи равшани сатҳи баланди ташаккули давлатдорӣ, ҳунармандӣ ва рушди фарҳанг дар минтақа мебошад.

Дар симпозиум таърихшиносон ва бостоншиносони кишварҳои гуногун ширкат меварзанд. Дар доираи ҳамоиш Конфронси ҷумҳуриявии «Мақоми Хуттали Қадим дар рушди таърихи миллати тоҷик» низ баргузор шуда, ҳамзамон сабти филми мустанад оид ба ёдгориҳои минтақа дар назар аст.

Бозёфтҳои деворнигораҳои Ҳулбук, ки куҳантарин намунаҳои хатти тоҷикӣ арзёбӣ мешаванд, мавриди баррасии илмӣ қарор мегиранд.

Соли 2025 11 ёдгории таърихию фарҳангии Хатлон, аз ҷумла Ҳулбук, Манзаратеппа, Золи Зар, мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Шаҳртеппа, Тоҳира Корвонсарой, Хиштеппа, Аҷинатеппа ва Галевард ба Феҳристи пешакии ЮНЕСКО ворид гардиданд.

Ин иқдом аҳамияти умумибашарии мероси Хуттали Қадимро таъйид менамояд.

Ба гуфтаи роҳбарияти Агентӣ, ҳафриёт идома дошта, садҳо ашёи нодир — зарфҳои шишагӣ, сафолӣ, ҳалқаҳои мисиву биринҷӣ, мехҳои оҳанин ва осори устохонаҳои қадимӣ дарёфт гардидаанд. Ин бозёфтҳо аз рушди ҳунармандӣ ва иқтисоди шаҳрӣ дар давраи миёна шаҳодат медиҳанд.

Имрӯз қасри подшоҳони Хатлон, мақбараҳо, ҳаммомҳои асримиёнагӣ ва Осорхонаи Ҳулбук таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб мекунанд.

Баргузории симпозиуми байналмилалӣ дар Восеъ на танҳо рӯйдоди илмӣ, балки қадами муҳиме дар таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ, рушди дипломатияи фарҳангӣ ва муаррифии тамаддуни тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

АКС: Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: