Душанбе, 14 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Тақрибан 70 фоизи занон дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ҳангоми таваллуд бо шаклҳои гуногуни муносибати номуносиб ё беэҳтиромона рӯ ба рӯ шудаанд. Дар ин бора дар гузориши нави Фонди Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи нуфуси аҳолӣ (ЮНФПА) оид ба масъалаҳои риояи ҳуқуқи занон дар низоми тандурустӣ гуфта шудааст.

Тибқи маълумоти таҳқиқот, дар як қатор муассисаҳои тиббии минтақа занон ҳангоми таваллуд бо нақзи меъёрҳои асосии муносибати эҳтиромона ва хизматрасонии бехатари тиббӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ҷумла, аз мушкилоти бештар маъмул гузаронидани расмиёти тиббӣ бидуни розигии беморон, ҳолатҳои таҳқири лафзӣ, фишори ҷисмонӣ, инчунин нақзи махфияти маълумоти шахсӣ номбар шудаанд.
Дар гузориш таъкид мешавад, ки чунин муносибат метавонад на танҳо ба ҳолати ҷисмонии занон, балки ба вазъи равонии онҳо низ таъсири манфӣ расонад ва ҳамзамон сатҳи эътимод ба низоми тандурустиро коҳиш диҳад.
Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти гузаронидаи ЮНФПА чунин нишондиҳандаҳо муайян гардидаанд:
- 67 фоизи занон изҳор доштаанд, ки ҳангоми таваллуд бо муносибати дағалона ё беэҳтиромона рӯ ба рӯ шудаанд;
- 48,1 фоиз гуфтаанд, ки ба онҳо расмиёти акушерӣ — масалан, ҷарроҳии кесарӣ ё эпизиотомия — бидуни гирифтани розигии огоҳонаи онҳо гузаронида шудааст;
- 24 фоизи занон бо таҳқири лафзӣ ё муносибати пастзананда рӯ ба рӯ шудаанд;
- тақрибан ҳар даҳум зан дар бораи фишори ҷисмонӣ ё ҷинсӣ хабар додааст;
- 53,7 фоизи пурсидашудагон қаблан дар бораи мафҳуми «зӯроварии акушерӣ» маълумот надоштанд;
- танҳо 2 фоизи занон дар бораи чунин ҳолатҳо расман шикоят ё муроҷиат кардаанд.
Коршиносон бар он назаранд, ки сатҳи пасти муроҷиатҳои расмӣ метавонад ба сабаби огоҳии нокифояи занон аз ҳуқуқҳои худ, тарс аз муассисаҳои тиббӣ ё набудани механизмҳои муассири пешниҳоди шикоят ва ҳифзи ҳуқуқи беморон бошад.
Бо дарназардошти натиҷаҳои таҳқиқот, Фонди Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи нуфуси аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо Шӯрои Аврупо ҳукуматҳо ва муассисаҳои тиббии кишварҳои минтақаҳоро даъват кардааст, ки стратегияҳои мушаххасро барои пешгирии зӯроварии акушерӣ ва беҳтар намудани муносибат бо беморон таҳия намоянд.
Аз ҷумла, чунин тадбирҳо пешниҳод гардидаанд:
- қабули қонунгузории муҳофизаткунандаи ҳуқуқи беморон;
- тақвияти назорат аз болои риояи меъёрҳои ахлоқи тиббӣ;
- ташкил намудани барномаҳои омӯзишӣ барои кормандони тиббӣ оид ба ҳуқуқи беморон;
- таъсиси механизмҳои шаффофи ҷавобгарӣ ва пешниҳоди шикоятҳо;
- баланд бардоштани сатҳи огоҳии занон дар бораи ҳуқуқҳои онҳо дар давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд.
Дар ЮНФПА таъкид карда мешавад, ки таъмин намудани муносибати эҳтиромона ва инсонпарварона ба занон ҳангоми таваллуд яке аз шартҳои муҳими хизматрасонии босифати тиббӣ мебошад.
Намояндагони ташкилот изҳор доштаанд: «Муносибати эҳтиромона бо беморон имтиёз нест, балки шарти ҳатмӣ барои таъмин намудани нигоҳубини босифати занон ва ҳифзи шаъну шарафи онҳо мебошад».
Ба андешаи коршиносон, татбиқи чунин тадбирҳо метавонад сатҳи эътимод ба низоми тандурустиро баланд бардорад, сифати хизматрасонии акушериро беҳтар намояд ва риояи ҳуқуқҳои асосии занонро дар муассисаҳои тиббӣ таъмин кунад.
АКС: генератсияи зеҳни сунъӣ
