Душанбе, 04 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шароити марҳилаи нави рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода, бо раванди татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, саноатӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид.

Барномаи корӣ нишон дод, ки Ҳукумати кишвар ба рушди ҳамаҷонибаи минтақа таваҷҷуҳи низомманд зоҳир мекунад — аз бунёди муассисаи таҳсилоти олии дорои равияи рақамӣ то эҳёи иқтидори саноатӣ, ҳифзи аҳолӣ аз хатари селу обхезӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба минтақаи озоди иқтисодӣ.
Яке аз нуқтаҳои асосии сафар шиносоӣ бо сохтмони бинои Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон дар Кӯлоб буд. Иншоот аз ҳафт бино иборат буда, дар панҷтои он насби конструксияҳои оҳану бетонӣ ба анҷом расидааст.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки сифати баланд ва иҷрои саривақтии корҳои сохтмонӣ таъмин карда шавад. Бунёди чунин муассисаи муосир ҳамчун сармоягузории дарозмуддат ба омодасозии мутахассисон барои иқтисоди рақамии кишвар арзёбӣ мегардад.
Сарвазир инчунин фаъолияти корхонаҳое чун ҶСК «Кӯлобтаҷҳизот», ҶДММ «Ваҳдат текстайл» ва «Ресандаи Кӯлоб»-ро, ки фаъолияти худро муваққатан боздоштаанд, мавриди баррасӣ қарор дод. Ба роҳбарияти онҳо ва сохторҳои соҳавӣ ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳо, баланд бардоштани сифати маҳсулот ва истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамзамон бо раванди сохтмони корхонаи истеҳсоли хӯроки паранда, ки аз ҷониби соҳибкор Холмуҳаммад Одинаев бо маблағи умумии 3,5 миллион сомонӣ амалӣ мегардад, шинос гардид. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 20 тонна маҳсулотро ташкил дода, 15 ҷойи корӣ таъсис медиҳад.
Дар деҳаи Корези ҷамоати Зиракӣ Сарвазир бо татбиқи лоиҳаи таъминоти оби нӯшокӣ шинос шуд. Таъмини аҳолӣ бо оби босифат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.
Бахши муҳими сафар боздид аз корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи Яхсу буд. Аз дарозии умумии 45,3 километрии дарё, ки аз ҳудуди деҳаи Хонаободи ҷамоати Даҳана мегузарад, 25,3 километр қитъаҳои эҳтимолан хавфнок ба ҳисоб мераванд.
Дар солҳои 2024–2025 дар масофаи 3200 метр плитаҳои оҳану бетонӣ гузошта шудаанд ва корҳо дар ин самт идома доранд. Ҳадаф пешгирии офатҳои табиӣ ва ҳифзи аҳолӣ ва инфрасохтори маҳаллӣ мебошад.
Сарвазир инчунин аз Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» боздид намуд. Айни ҳол дар ҳудуди он 10 корхона фаъолият мекунанд, аз ҷумла «Тоҷик Алмос», «Кӯлоб Агросаноат», «Кӯлоб Пласт», «Растани Инно», «Сомон Трейд», «Саноат Сино», «Тоҷик Агро Био Фид», «Точ Чайна байналмилал», «Зафар Текстил» ва «Фарм Кӯлоб».
Аз оғози фаъолият то имрӯз ба минтақа 99 миллион сомонӣ сармоя ҷалб гардидааст. Ҳамзамон таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии таъсиси маркази логистикӣ ва сохтмони хати роҳи оҳан ба МОИ «Кӯлоб» идома дорад. Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёт, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва шарикон аз Ҷумҳурии Корея амалӣ мешавад. Барои анҷоми корҳои лоиҳавӣ ҷониби Корея тақрибан 7 миллион сомонӣ кумаки бебозгашт ҷудо намудааст.
Сафари корӣ ба Кӯлоб бори дигар собит намуд, ки рушди минтақаҳои ҷанубии кишвар дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон амалӣ карда мешавад.
Татбиқи ҳамзамони лоиҳаҳои таълимӣ, саноатӣ ва инфрасохторӣ заминаи рушди устувор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд гардидани ҷолибияти сармоягузории шаҳри бостонии Кӯлобро фароҳам месозад.
Акс: НИАТ «Ховар»
