Душанбе, 16 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар вилояти Хатлон корҳои мунтазами ободонӣ ва сабзкорӣ идома доранд. Яке аз иқдомҳои навбатӣ дар ин самт баргузории маъракаи экологӣ дар канори роҳи мошингарди «Бохтар – Левакант» гардид, ки дар ҷараёни он беш аз 1000 дарахти ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд.

Ин чорабинӣ дар ҳудуди ҷамоати Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор шуда, дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Дар маърака намояндагони мақомоти маҳаллӣ, сохторҳои масъул ва сокинони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд.
Зимни суҳбат бо аҳолӣ ва масъулони ноҳия, раиси вилоят таъкид намуд, ки чунин ташаббусҳо барои беҳтар намудани вазъи экологӣ, зебосозии маҳалҳои аҳолинишин ва фароҳам овардани муҳити мусоиди зиндагӣ аҳамияти калон доранд. Ҳамзамон ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонидашударо таъмин намоянд.
Корҳои сабзкорӣ дар канори роҳи «Бохтар – Левакант» ҷузъи сиёсати васеи давлатии ҳифзи муҳити зист ба шумор мераванд. Мувофиқи Барномаи давлатии сабзкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2026 дар вилояти Хатлон шинонидани тақрибан 600 ҳазор дарахти гуногуннамуд, инчунин зиёда аз 9 миллион гулу бутта ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки бо супориши раиси вилоят чунин корҳои ободонӣ ва сабзкорӣ дар ҳамаи шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Хатлон пайваста идома дошта, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва беҳтар гардидани симои маҳалҳо равона шудаанд.
АКС: Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Хатлон. Дар акс — Раиси вилояти Хатлон
