Казокистон авиатсияи санитариро бо киштихои муосир мучаххаз намуд – ИА Караван Инфо
Казокистон авиатсияи санитариро бо киштихои муосир мучаххаз намуд

ОСТОНА, 15 август  – АИ «Караван инфо». Дар Казокистон навсозии парки авиатсияи санитари ба анчом расид хавопаймохои кухна бо хавопаймохои муосир, ки ба стандартхои чахони мувофикат мекунанд, иваз намуда шуданд. Навгонихои асоси реактивии Bombardier Challenger CRJ200, ки бо модулхои тиббии Spectrum Aeromed, системахои оксиген, тачхизоти таъмини хаёт ва филтркунии хаво мучаххаз аст. Он кодир аст то 4 бемори хобида ва 35 нишаста, гуруххои трансплантатсиони ва узвхои донорро интикол дихад.

CRJ200 парвозхои дурро бе пур намудани сузишвори анчом медихад, дар шароити мураккаби обу хаво кор мекунад ва аз руи хусусиятхо аз киштихои пешина, аз чумла имконияти эвакуатсия аз хорича ду баробар зиёдтар аст.

Хамчунин, “Казавиаспас” 6 чархболи Ми-8 ва Ка-32 ва 2 хавопаймои L-410-ро харид. Боги тачдидшуда амниятро афзоиш медихад, интиколи беморонро метезонад ва дастраси ба ёрии таъчилиро ба сокинони минтакахои дурдаст васеъ мекунад.

Аксхо: Вазорати Тандурустии ЧК

error: