Казокистон ба бузургтарин бонки технологияхои сабзи Чин дастраси пайдо намуд – ИА Караван Инфо
Казокистон ба бузургтарин бонки технологияхои сабзи Чин дастраси пайдо намуд

Остона, 17 июни соли 2025-АИ «Караван инфо». Казокистон ба Green Technology Bank – яке аз бузургтарин платформахои Технологияи сабз дар Осиё дастрасии мустаким пайдо намуд. Ин ба шарофати созишномаи стратегии хамкори, ки байни маркази байналмилалии технологияхои сабз ва лоихахои сармоягузори (МСЗТИП) ва маркази мубодилаи илми-техникии Шанхай ба имзо расидааст, имконпазир гардид.

Холо корхонахо, марказхои тадкикоти ва стартапхои казокистон метавонанд аз тахаввулоти пойгохи додахои чин, аз чумла навоварихо дар сохаи энергияи баркароршаванда, захирахои об, коркарди партовхо, агроэкология ва дигар самтхо истифода баранд.

Тибки ин санад, маркази табодули илми – техникии Шанхай ухдадор мешавад, ки ба чониби Казокистон дастраси ба пойгохи додахои технологи ва шабакаи коршиносони Green Technology Bank-ро таъмин кунад. Инчунин ташкили солонаи чорабинихои муштарак, ба монанди роадшоу, форумхо ва миссияхои тичорати бо дастгирии молиявии эхтимолии Чин пешбини шудааст. Самти алохида баходихии системави ва дастгирии бист лоихаи афзалиятноки сабз дар Казокистон, ки дар он коршиносони чини дар тахияи накшахои кори иштирок мекунанд ва тавсияхо оид ба мутобиксозии технологияхо ба шароити махалли пешниход мекунанд.

Ичрокунандаи Вазифаи Раиси Идораи МСЗТИП Сакен Калкаманов ахамияти стратегии хуччати имзошударо таъкид намуд: “Казокистон ба тачриба ва карорхои яке аз пешвоёни чахони дар сохаи технологияхои сабз дастрасии мустаким мегирад. Ин барои татбики босуръати навоварихои экологи, чалби сармоягузори ва рушди шарикии технологи заминаи мустахкам фарохам меорад. Мо инро хамчун воситаи стратегии пешбурди ояндаи устувор барои кишвари худ мешуморем.”

Харду чониб изхори бовари намуданд, ки созишнома хамкории дучонибаро дар доираи ташаббусхои глобали, ба монанди “Як камарбанд, як рох” таквият хохад дод ва воситаи амалии хамгироии Казокистон ба рузномаи сабзи байналмилали тавассути табодули дониш, кушодани бозорхои нав ва оғози лоихахои муштарак хохад буд.

Аксхо: Вазорати Экология ва захирахои табии

error: