Остона, 28 майи соли 2025 – АИ Караван Инфо. Дар Остона мулокоти муовини аввали вазири корхои хоричии Чумхурии Казокистон Акан Рахметуллин бо Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба Афгонистон –рохбари Намояндагии СММ оид ба кумак ба Афгонистон (UNAMA) Роза Отунбоева баргузор гардид. Отунбоева барои ширкат дар Форуми байналмилалии Остона, ки рузхои 29-30 майи соли 2025 баргузор мешавад, вориди Казокистон шуд. Дар ин нишаст Оливер Столпе, намояндаи минтакавии Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва чинояткори дар Афгонистон, Осиёи Маркази, Эрон ва Покистон (УНП СММ) низ ширкат дошт.

Чонибхо доираи васеи масъалахои хамкории Казокистон бо UNAMA ва UNODC дар мусоидат ба субот ва рушди устувор дар Афгонистонро барраси намуданд. Таваччух ба сохахое, аз кабили тандурусти, маориф, инфрасохтор ва шугл дода шуд. Хамчунин лоихахои эхтимолии муштарак дар заминаи ифтитохи карибулвукуъи Маркази минтакавии СММ оид ба Хадафхои Рушди Устувор барои кишвархои Осиёи Маркази ва Афгонистон дар Алмаато барраси шуданд.
Махсусан зикр гардид, ки Казокистон пайваста ба Афгонистон кумаки башардустона мерасонад. Ин кумак таъминоти гизо, маводи ниёзи аввалия ва дорувори, инчунин кумак дар ташаббусхои маорифро дар бар мегирад.
Сурат: ВКХ ЧК