Казокистон, 13 июни соли 2025 АИ “Караван Инфо”. Вазири кишоварзии Казокистон Айдарбек Сапаров бо Вазири чиходи кишоварзии Чумхурии Исломии Эрон Голамреза Нури Гезелче, ки дар хайати Эрон ба Остона омада буд, мулокот намуд. Дар вохури ба масъалахои содироти зироатхои галладона диккати махсус дода шуд.
Аз мохи сентябри соли 2024 Казокистон аллакай ба Эрон 960 хазор тонна галлаи хосили нав интикол додааст, ки ин нисбат ба хамин давраи мавсими гузашта 17 маротиба зиёдтар аст.

Дар накша аст, ки хачми содироти гандум то 2 миллион тонна ва арпа то 1 миллион тонна дар як сол расонида шавад, ки ин аз афзоиши назарраси муносибатхои тичоратии байни кишвархо шаходат медихад.
Айдарбек Сапаров кайд намуд: “мо дар рушди содироти галладона ва зироатхои равгани ба Эрон иктидори баландро мебинем. Казокистон кодир аст хар сол то 500 хазор тонна равгани офтобпараст ва шрот интикол дихад. Дар баробари ин, рушди шарикии сармоягузори, хусусан дар сохаи коркарди амики махсулоти кишоварзи, самти ояндадор боки мемонад. Чонибхо инчунин масъалахои афзоиши тичорати мутакобиларо барраси намуданд.
Тибки натичахои соли 2024, гардиши мол дар сохаи аграри байни ду кишвар 220,1 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 33,2% афзоиш ёфтааст. Дар чор мохи аввали соли 2025 ин нишондиханда 139% афзоиш ёфта, ба 151,1 миллион доллар расид, дар холе ки содироти махсулоти казокистони се маротиба афзуда, 116,7 миллион долларро ташкил дод.
Вазири чиходи кишоварзии Эрон Голамреза Нури Гезелче омодагии худро барои густариши хамкори, аз чумла технологи изхор дошт. Вай афзуд: “Эрон ба афзоиши хариди галла, пеш аз хама гандум ва чав манфиатдор аст. Мо омодаем, ки бо таъминкунандагони казокистон шартномахои дарозмуддат баста, тачриба ва технологияро аз системахои оберии мухандиси то халли байтори ва генетикаи чорвои зоти мубодила кунем. Вай инчунин илова намуд, ки ширкатхои эрони дар Казокистон бомуваффакият кор мекунанд ва барои тавсеаи иштироки сармоягузори потенсиали бузургро мебинанд.
Айдарбек Сапаров нияти идомаи хамкориро дар доираи гурухи кории дучонибаи кишоварзи, ки чаласаи аввали он мохи феврали соли равон дар Техрон баргузор шуд, тасдик намуд.
Вазир хулоса намуд: “Ман бовари дорам, ки мулокоти имруза ба рушди шарикии Казокистон ва Эрон такони нав мебахшад ва мачмааи агросаноати яке аз такягоххои калидии расидан ба хадафи афзоиши тичорати мутакобила то 3 миллиард доллар хохад буд”.
Сурат: ВК ЧК