Казокистон ва Чин дар бораи хатсайрхои нави хавопаймои мувофика намуданд – ИА Караван Инфо
Казокистон ва Чин дар бораи хатсайрхои нави хавопаймои мувофика намуданд

ОСТОНА, 21 август АИ «Караван Инфо». Казокистон ва Чин хамкориро дар сохаи авиатсияи шахрванди таквият медиханд. Дар доираи конфронси С5+1 тарафхо гуфтушунид намуданд, ки дар натичаи он меморандуми хамдигарфахми ба имзо расид, ки тавсеаи шабакаи хатсайрхо ва рушди алокаи дучонибаи хавопайморо пешбини мекунад.

Барои ширкатхои хавопаймоии Казокистон кушодани самти нави ба шахри Кулча мувофика намуда шуд. Инчунин дурнамои парвозхо ба Кашгар барраси намуда шуд. Аз ин сол шумораи умумии парвозхо байни кишвархо то 124 дар як хафта зиёд намуда шуд ва интиколдихандагон хукуки истифодаи дарачаи панчуми “озодии хаво” – ро гирифтанд.

Ширкати хавопаймоии SCAT аллакай се хатсайри навро аз Шимкент ба Шанхай, Сиан ва Урумчи огоз намудааст. Илова бар ин, аз мохи июл дар бозори Казокистон ширкати бузурги хавопаймоии чин China Eastern Airlines ба кор шуруъ намуд, ки парвозхои Алмаато Гуанчжоуро кушод.

Илова бар ин, мохи август бори аввал ба Казокистон хавопаймои С909 истехсоли ширкати чини COMAC омад, ки парвози Урумчи Караганда Урумчиро анчом дод.

Аксхо: Вазорати наклиёти ЧК

error: