Казокистон ва Чин хамкориро дар сохаи обтаъминкуни таквият медиханд – ИА Караван Инфо
Казокистон ва Чин хамкориро дар сохаи обтаъминкуни таквият медиханд

Казокистон ва Чин хамкорихоро дар сохаи идоракунии захирахои об таквият медиханд. Дар ин бора баъди мулокоти вазири захирахои об ва обёрии Казокистон Нурчон Нурчигитов бо Сафири Фавкулодда ва Ваколатдори Чин Дар Казокистон Чжан Сяо маълум шуд.

Ба масъалахои обтаъсиси дарёхои трансмарзи диккати махсус дода шуд. Чонибхо ахамияти таъмини хавзаи Иле-Балхашро бо об барои рушди хочагии мохи ва сайёхи таъкид намуданд. Барои халли ин масъалахо гурухи кории махсуси коршиносон амал мекунад.

Дар ояндаи наздик ба накша гирифта шудааст, ки Ёддошти тафохуми хамкори байни идорахои обии ду кишвар ба имзо расад. Ин хуччат барои рушди минбаъдаи муносибатхои дучониба дар сохаи захирахои об асос хохад буд. Илова бар ин, чонибхо лоихахои муштаракро оид ба навсозии инфрасохтори обии Казокистон ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони Казокистони дар Чин барраси намуданд.

Вазир Нурчон Нурчигитов изхори бовари намуд, ки созишномахои бадастомада ба хамкории Казокистону чин дар сохаи об такони нав мебахшанд. Сафири Чин, дар навбати худ, чиддияти ниятхои чониби чинро дар рушди ин хамкори таъкид намуд.

Аксхо: Вазорати захирахои об ва оберии ЧК

error: