Казокистон ва Чин интиколи бесарнишини борхои кишоварзиро огоз мекунанд – ИА Караван Инфо
Казокистон ва Чин интиколи бесарнишини борхои кишоварзиро огоз мекунанд

ОСТОНА, 25 июл АИ «Караван Инфо». Казокистон ва Чин татбики лоихаи муштараки “Гумруки Окил” — ро огоз намуданд, ки хадафи он автоматикунонии боркашони дар сархади ду кишвар бо истифода аз наклиети бесарнишин мебошад. Кисми аввал самти «Бахти» (Казокистон) –«Покиту» (ЧХХ) хохад буд.

Тавре, ки дар Кумитаи даромади давлати хабар доданд, созишнома 21 июл дар мулокоти Раиси Кумита Жандос Дуйсембиев ва котиби хизбии шахри Тачэн Чжи Сянвэй ба даст омад. Мошинхои калонхачми худгарди AGV метавонанд бидуни иштироки ронандагон молхоро интикол диханд.

Лоиха ташкили фазои умумии ракамиро барои тартиб додани хуччатхо, автоматикунонии расмиёти гумруки ва кори шабонарузии нуктахои гузаргохро пешбини мекунад. Татбики системахои интеллектуалии мониторинг сархадро метезонад ва харочоти логистикиро кохиш медихад.

Интизор меравад, ки гардиши мол дар як сол аз 10 миллион тонна зиёд бошад. Лоиха имкониятхои нави логистикиро мекушояд, чойхои кори эчод мекунад ва ракобатпазирии истехсолкунандагони казокистонро дар бозори осие баланд мебардорад.

Аксхо: Кумитаи даромади давлатии ЧК

error: