Казокистон ва Фаронса созишномаи авиатсиониро имзо намуданд – ИА Караван Инфо
Казокистон ва Фаронса созишномаи авиатсиониро имзо намуданд

Остона, 20 июни соли 2025-АИ «Караван Инфо». Макомоти авиатсионии Казокистон ва Фаронса созишномаи хамкори имзо намуданд. Хуччат ба хамкории минбаъда дар авиатсияи шахрванди, аз чумла чори намудани стандартхои созмони Байналмилалии авиатсияи шахрванди (ICAO) равона шудааст. Дар ин бора дар чаласаи рохбарони макомоти авиатсионии ICAO EUR/NAT-DGCA / 2025 хабар дода шуд.

Созишномаро Раиси Кумитаи авиатсияи граждании МТ РК Салтанат Томпиева ва директори Генералии идораи Асосии авиатсияи граждании Фаронса (DGAC) Дамен Каз имзо намуданд.

Чонибхо ният доранд, ки дар рушди системаи бехатар ва самараноки авиатсияи граждани сахм гузоранд. Сохахои афзалиятнок бехатарии парвозхо, идоракунии харакати хавои ва фазои хавои, мухити атроф (аз чумла намудхои устувори сузишвории авиатсиони), фурудгоххо, танзими иктисоди, чорчубаи хукуки ва омузиш номида шудаанд.

Барои ичрои вазифахои муштарак мубодилаи фаъоли иттилоот ва тачриба оид ба методология, барномахо ва усулхои таълим ба накша гирифта шудааст. Инчунин ташкили семинархои муштарак, конфронсхо, тачрибаомузи ва табодули кормандон пешбини шудааст.Аксхо: Вазорати Наклиёти ЧК

error: